​Изҳорот: Нисбати Ватан тухми бадӣ напошад

Боиси нигаронист, ки ҳоло ҳам иддае аз мардуми дур Ватан беиродаву ноқис ва дасисакору дасисабозон барои ночизтарин молу сарват даст ба амалҳое мезананд, ки ба ҳастиву оромӣ ва обрӯву эътибори Тоҷикистони азиз ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ таҳдиду иснод меоварад.Яке аз ин дасисабозон ва суханбози ТЭТ ҲНИ Мирзои Салимпур ба шумор меравад, ки ҳамеша дар фикри манфиати худ аст ва аз ягон амали зишт худдорӣ намекунад. Ба ҳамагон маълум аст, кидар чанд соли ахир дар майдони иттилоотӣ тавассути таҳрифи иттилоот ва таҳияи матолиби муғризона шахсиятҳои давлатиро бадном ва авзои кишварро ноором сохтан мехоҳад.

Дар тӯли фаъолияти чорсолаи худ сомонаи “Ахбор” бо роҳбарии Мирзои Салимпур барои пешрафти кишвар матолиби ҷолиб омода накардааст. Маълум аст, киМирзои Салимпур бо навиштаҳои худ дар замири мардуми кишвар ва ҷавонони муҳоҷир нисбати Ватан тухми бадӣ мепошад.

Хушбахтона бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2020, ки сомонаи “Ахбор”-ро ба рӯйхатти сомонаҳои мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон ворид гардид, дар андак гӯшу ҳуши мардум ором гирифт.

Тавре аз изҳороти идораи сомонаи “Ахбор” бар меояд, ин ниҳод бо қарори худ сомонаро қатъ намуда, сомонаи наверо таъсис додани ҳастанд, ки дар он се мавқеъ мустақилият, беғаразӣ ва бетарафӣ бояд пайгирӣ шавад. Аммо дар байни халқ мақоле бо номи “Дили одат карда балои ҷон” машҳур ҳаст, ки дар сомонаи нави кормандони идораи сомонаи “Ахбор” баъд аз таъсисёбиаш мушоҳида менамоем. Мавқеи кормандони идораи сомонаи “Ахбор”-ро вақт нишон медиҳад.

Шаҳрзоди Баҳор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ