​Изҳорот: Одинаев Маҳмурод афсонаи дигар мебофад

Барои гирдиҳамоӣ ариза пешниҳод кардани муовини раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев дар саҳифаи фейсбукии худ барои ноором сохтани вазъи кунунии кишвар ва дар ин замина фазои кунунии мамлакатро ба ҳар гуна намоишҳои эътирозӣ халалдор кардан мехоҳанд. Ин алабатта нияит хуб ба бор оварда наметавонад. Пешниҳоди ариза ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби як ҳизб хусусияти намоишкорона дошта, бо ин кор як андоза аз фаъолияти начандон пурсамари хеш дарак додан мехоҳанд. Одинаев Маҳмурод ақидаи хешро чунин баён доштааст: “Бо шумо барин сиёсатмадорон миллату давлатро обод кардан номумкин аст!”. Ин матлабдорои чанд омил мебошад:

1. Нишонаи норозигӣ ва нодида гирифтани дастовардҳои давони истиқлолият.

2. Аз забони мардум баён кардани матлаб, ки ин худ хилофи конститутсия ба шумор меравад.

3. Ба оянда нигоҳи нек надоштан ва дигаронро барои ногувор нишон додани ояндаи кишвар ташвиқ кардан.

Ин ҳадафҳо анҷоми хуб надошта, шароити зиндагии мардумро а ин ҳам бадтар мегардонад.Маҳмурод Одинаев дар ҳоле, ки вазъияти ҷаҳон аз чунин чолишҳои дохилӣ хеле бад шудааст, бояд дар фикри оромиву осудагии мамлакат бошад.Худаш хуб медонад, ки дар чунин вазъият ба нифоқу нобоварӣ кашидани марждум оқибатҳои хуб надорад.

Маҳмурод Одинаев ба масъалаи муҳоҷират низ дахл карда, бо ин роҳ ба саҳнаи таъсиси чунин намоишҳо муҳоҷиронро ҷалб карданӣ шудааст. Яъне худро ҳомиву пуштибони чунин нафарони заҳматкаш нишон доданист. Вай иброз доштааст, ки оё президент боре миннатдорӣ карда гуфтааст, ки ободии миллату давлати мо аз меҳнати ҳалоли ҳамин муҳоҷирон ба даст омадааст. Аввал ў бояд чунин суолро ба худаш диҳад. Баъд нависад, ки ҳизби ў ба кадом муҳоҷир кўмакпулӣ додааст. Мо борҳо шоҳиди он шудаем,ки асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кориашон бо муҳоҷирони тоҷикмулоқот намуда, саҳми онҳоро дар кишвар ва бо маблағ таъмин намудани оилаҳо худашон хеле баланд арзёбӣ кардаанд ва ин кор идома дорад. Ҳамчунин ӯ мушкилии дигарро дар шомил нашудани Тоҷикистон ба “Иттиҳоди гумрукӣ” мебинад ва мегӯяд, ки ин сабабгори асосии мушкилии муҳоҷирон мебошад.Ин албатта як фикри шахсии ўст. Доир ба ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба “Иттиҳоди гумрукӣ” Тоҷикистон низ мавқеи худашро дорад ва ин дар сатҳи баланди давлатӣ матраҳ мешавад. Мо чунин афкори муғризонаи Одинаев Маҳмуродро маҳкум мекунем ва ин гуна афкори ғайриимконро дур аз воқеият меҳисобем.

Набиҷонов Алиҷон–устоди кафедраи варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонии факултети тарбияи ҷисмонӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ