То кай Кабирӣ ба мардуми тоҷик ҳамла мекунад

Имрўз мардуми Тоҷикистон симои аслии Муҳиддин Кабириро ҳамчун як нафари хоин ватанфуруш ва нокас мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дошта, дарбадар дур аз Ватану берун аз оромӣ аст. Чунин аст ҷазои касоне, ки Ватану миллати худро мефурўшанд ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеа ҳеҷ гоҳ намебахшад.

Зеро Ватану ватандорӣ ва хизмат ба он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз мебошад. Кабирӣ хоини миллат ва ватанфуруш аст, тариқи сомонаҳои интернетӣ суханҳои дурўғу фитнаангезро нисбати чомеаи Тоҷикистон паҳн мекунад. Аслан ТЭТ ҲНИ ва ташкилкунандаи онҳо ҳеч вақт ба фоидаи мардум кор накардааст. Доим мухолифи давлат буд ва ҳаст. Онҳо ҳамеша барои мақсади нопоки худ кор мекунанд. Имрўз аз корҳои зишти онҳо тамоми дунё воқиф гардидааст, онхо ягон нияти созандаву нек надоранд.

Мусоҳибаи Муҳиддин Кабириро, ки бо хабаргузории Паём.нет анҷом додааст таҳти унвони «Ҷуръат ва ҷасорат хоси инсони озод аст хондам» хондам. Пеш аз ҳама сарлавҳаи он бароям воқеан маъқул шуд. Зеро ин гуна фазилатҳоро ман дар Паймони миллӣ, аниқтараш зиддимиллии Кабирӣ намебинам чун, худи онҳо вобастаи хоҷагони хориҷӣ буда, ба онҳо ҳамчун ғуломи ҳалқабаргўш хизмат мекунанд ва манфиатҳои миллии худро мефурўшанд. Ин гуна афрод, ки феълан дар хориҷи Тоҷикистон қарор доранд, аз дастовардҳои кишвари мо шод нестанд ва корашон танҳо аз ҷустуҷўи айбу камбудиҳо, аз зери нохун чирк кофтани диёри худашон иборат аст.

Мухиддин Кабирӣ муддати чанд сол аст, ки мардуми Точикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва аз хориҷа истода обрӯи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дурӯғу бемаъниаш дар арсаи ҷахон паст карданӣ мехоҳад. Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ТЭТ ҲНИ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдили ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт буда, халқи мо бо азму талошҳои Ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеъи геополитикӣ ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад. Саҳми арзанда ва хизмати шабонарузӣ ва шуҷоати қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имруз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.

Дар охир ба Кабирӣ ва паймони зиддимиллии ў мерасонам, ки мардуми тоҷик то ба андозае бедору худшинос шудаанд, ки дигар ба ҳарзагўиҳои Шумо гўш намедиҳанд.

Шарипова Муътабар - дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ