​Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси мост!

Истиқлолият барои ҳар як давлату миллат падидаи нодир маҳсуб ёфта, ҳамчун пойдевор ва рамзи ҳастии миллат арзиши бағоят бузург дорад. Муҳиммияти ин дастовардро замоне бештару хубтар эҳсос менамоем, ки ба гузаштаи худ назари воқеъбинона анҷом диҳем. Зеро миллати тоҷик дар тӯли таърих душвортарин лаҳзаҳоро паси карда, дар натиҷаи забткориҳои пай дар пай борҳо мавриди шиканҷаву озор ва амалҳои ғайриинсонии аҷнабиён қарор гирифтааст.

Ҳарчанд душманон барои аз байн бурдани ин миллати соҳибтамаддун кӯшишҳои зиёде анҷом доданд, вале маҳз ҳисси масъулияту ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва руҳи шикастнопазир ҳамеша имкон фароҳам оварданд, ки дар роҳи ҳифзи асолати таърихӣ, ҳастии миллат муборизаҳои беамон бурда шаванд.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” таъкид сохтаанд, ки “Таърихи давраҳои ҳуљум ва тасаллути аљнабиён шаҳодат медиҳад, ки сокинони шаҳрҳои қадима ва рустоҳои зиёди ниёгони мо барои озодӣ ва истиқлол то фарди охирин муқовимат намуда, дар набардҳои нобаробар қаҳрамонона ҳалок мешуданд”.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ миллати тоҷик бори дигар бо имтиҳони сахту сангин рӯ ба рӯ гардид. Агар аз як тараф дур шудани мардум аз арзишҳои маънавию ахлоқии гузашта,боиси бедор гардидани ҳисси нобоварӣ, бадбинӣ, ноумедӣ бар фардои ҳаёти худ гардида бошад, аз ҷониби дигар бӯҳрони шадиди иҷтимоӣ, манфиатҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расонид.

Ҳарчанд ки Тоҷикистон соҳибистиқлол гардида буд, қувваҳои бадхоҳ, махсусан аъзоёни Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати ислом, зери таъсири хоҷагони хориҷии худ мардумро ба ношукрӣ, озодандешии динӣ, маҳалгароӣ даъват намуда, мехостанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил намоянд ва давлати исломӣ бунёд созанд. Вале, паси ҳамаи ин, манфиатҳои шахсӣ, қудратталабӣ меистод. Онҳо ба Ватан, модар, миллат, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ хиёнат карда, имону виҷдони худро фурӯхтанд, ба қатлу куштори олимону донишмандон, зиёиён, сиёсатмадорон ва садҳо шахсони бегуноҳ даст заданд.

Бародар хуни бародар рехт, модару фарзанд аз ҳама ҷудо, падару писар ба ҳам душман гардиданд. Оқибат беш аз 150 ҳазор нафар ба ҳалоқат расида, зиёда аз як миллион нафар ба давлатҳои ҳамсоя гуреза шуданд, даҳҳо ҳазор хонаву коргоҳҳо, мактабу дармонгоҳҳо ва иншооти ҳаётан муҳим харобу валангор гаштанд.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июни соли 2018 дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин таъкид сохта буданд: “Дар он айёми фоҷиабор афроди воқеан дурандешу ватандӯсти миллат амиқ дарк карда буданд, ки роҳи ягонаи наҷот аз хатари ба сари халқи тоҷик омада қатъи ҳарчи зудтари хунрезӣ ва таъмини сулҳ тавассути созишу ҳамдигарбахшӣ буд”.

Воқеан, азму иродаи матин, шуҷоату ҷавонмардӣ, ватандории бемислу монанди Пешвои муаззами миллат ва сазовор гардиданашон ба боварии халқ буд, ки давлату миллатро аз гирдоби ин фоҷиаи таърихӣ раҳониданд, зеро агар ин шахсияти беназир намебуданд хатари порча шудани давлат ва аз байн рафтани миллат амри воқеӣ буд.

Дар он айём, Сарвари давлат ба мардуми Тоҷикистон чунин муроҷиат намуданд: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷоннисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Таърих собит сохт, ки Пешвои муаззами миллат ба қавли худ содиқ монда, давлатдории навини тоҷикон, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодиро аз нав эҳё намуданд, ҳамчун шахсияти сулҳофар ва наҷотбахши миллат шинохта шуданд.

Имрӯз, ки мо дар айёми ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ мехоҳанд, бароямон ақидаҳои ифротиро таҳмил диҳанд ва дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатиро нодида мегиранд, ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаву бунёдкор ва пайравони асили Пешвои миллат ба қадри сулҳу оромӣ мерасем ва тамоми азму талоши худро барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар, ҳифзу устувории давлатдорӣ равона месозем.

Аҳмедҷонов Боҳирҷон

донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих ва ҳуқуқи

МДТ “Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ