​Таҷлили Рӯзи байналмилалии тақдими китоб

Имрӯз, 14 – уми феврал, дар Китобхонаи марказии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба муносибати Рӯзи байналмилалии тақдими китоб маҳфили адабӣ таҳти унвони “Дӯстдорони китоб” баргузор гардид.

Ташаббуси мазкур ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ва тарғиби муҳаббат ба китобу мутолиа роҳандозӣ гардид.
Дилбар Самадова, директори Китобхонаи марказии донишгоҳ перомуни нақши мутолиа дар рушди ҷомеа сухан намуда, китобро ба тайёрае ташбеҳ дод, ки инсонро аз кишвари ҷаҳолат ба давлати адолату хирад мерасонад.

Гуфта шуд, ки оне сарбаланд мешавад, ки назди китоб сари худро хам кунад. Оид ба аҳамияти мутолиа навори тарғиботӣ ба намоиш гузошта шуда, миёни иштирочиёни маҳфил суолу ҷавоб гузаронида шуд.
Озмуни беҳтарин эссе, ки дар мавзӯи “Ман китобро дӯст медорам” ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва китобҳои тозанашр қадр шуданд.

Ҳамзамон, садорати факултетҳои донишгоҳ баҳри ҳамкории зич ва ташрифи пайвастаи устодону донишҷӯён ба китобхонаи марказии донишгоҳ бо ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Аз рӯйи номинатсияи мазкур ҷойи якум ба факултети таърих ва ҳуқуқ, ҷойи дуюм ба факултети филологияи тоҷик ва ҷойи сеюм ба факултети физика ва техника дода шуд.

Ҳамчунин, директори китобхона ҷиҳати тарғиби китобу китобдорӣ ва ҳамкориҳои судманд дар самти беҳбуд бахшидан ба маънавиёти мардум ба як қатор намояндагони воситаҳои ахбори омма сипоснома ва китобҳои арзишманд тақдим намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ