​Афғонистон ҳам расман ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум намуд

Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм баргузор гашт ва дар он вазъи ҷаҳон ва Осиёи Маказӣ ва хатароти замони муосир, аз қабили фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва роҳҳои мубориза бо он ба риштаи таҳлил ва баррасӣ кашида шуд.

Пас аз он, рӯзи 18-уми феврал Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон оид ба натиҷаҳои "Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм" сухан карда, Ҳизби наҳзатро дар баробари Ҳаракати исломии Узбекистон (ҲИӮ), "Ансоруллоҳ" ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ (ҲИТШ) ном бурда, онро ташкилоти терористӣ ва экстермистӣмаъидод ва барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин хатарзо гуфт.

Аммо аъзои ҳамакунун дар Аврупо паноҳбурдаи ин ниҳоди террористӣ боз ҳам исрор доранд, ки онҳо дар ин Афғонистон пойгоҳи низомӣ надоранд ва дар дигар кишварҳо ҳам надошта будаанд. Аммо бо доман офтобро пӯшида намешавад. Ҳайати ин гурӯҳи террористӣ солҳо инҷониб дар хоки кишвари ҳамсоя ва дигар кишварҳои манфиатдор фаъолияти мусаллаҳона ва иттилоотиро пиёда намуда, ҳамеша дар каминанд, то аҳдофи нопоки худро пиёда намуда бошанд.

Мардуми Тоҷикистон аз амалҳои разилонаву манфур ва зиддимиллии ин қабил афрод ҳанӯз аз замонҳои ҷанги шаҳрвандӣ бахуби огаҳӣ доранд. Мо медонем, ки ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби Наҳзати Ислом маҳз бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ ҳамагуна арзишҳои миллиро паси по зада, роҳбарони он чӣ гуна барои рехтани хуни ноҳақи мусалмонон фатво содир менамоянд. Мисоли равшани гуфтаҳои дар боло зикргардидаро мо дар тамошои филми “Хиёнат” ва “Бешарафӣ” зикр карда метавонем.

Агар аз нигоҳи таҳлил назар афканем мушоҳида мешавад, ки паймон бастан аслан бо гуруҳе ё созмоне анҷом хоҳад дод. Зеро дар солҳои мушкилтарини Ҷанги шаҳрвандӣ миллати тоҷик тавонист. рузҳои сангини зиндагиро паси сар намояд. Дар асл ватанфурўшиву хиёнаткорӣ ва амалҳои пасипардагии ин гурўҳи экстремистиву террористӣ боз ҳам ба мардум равшантар гардида, ҷинояткор будани худро ташкилотҳои экстремистиву террористии амалкунанда бори дигар исбот намуд. Зеро мақсади бадхоҳиву сангпартоиҳои ин гурўҳи нотавонбин тайи солҳо ва рўзҳои охир, бешубҳа, аён гардида истодааст, ки ҳадафи онҳо ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва зери зулм қарор додани шаҳрвандони кишвар мебошад. Мутассифона боз ҳастанд нафароне, ки пешрафт, тараққиён, шукуфои Ватанро дида натавониста барои миллати худ хоини мекунанд ва боз худро барои миллат ва давлат вафодор гӯён овоза паҳн мекунанд. Аммо аз нигоҳи дигар аз номи миллат он касе ва ё шаҳрвандоне бояд сухан гӯянд, ки дар Ватан ҳастанду барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ дода, лоақал дастовардҳои давлату миллатро ҳифз ва афзун мегардонанд.

Беҳзод Акрамов - устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ