​Раҷаббой Аҳмадзода профессор Усмонҷон Ғаффоровро таҳният намуд

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Корманди шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Усмонҷон Ғаффоров рафта, эшонро бо 75 солагии рӯзи милодаш табрику таҳният намуд. Тавре ки аз Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар ин сафар Раиси вилоятро раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва раиси шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ҳамроҳӣ намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода саҳми профессор Усмонҷон Ғаффоровро дар ҷаҳони маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муассир арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки хизматҳои эшон дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҷавонон назир надорад ва он бемисл аст. Усмонҷон Ғаффоров аз олимони сермаҳсули ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони арзандаи миллат асарҳову мақолаҳои сершумор офаридааст. Мавсуф дар давраи фаъолияти илмӣ- педагогӣ ва адабӣ- ҷамъиятии худ 80 китоб, беш аз 1500 адад мақолаҳои публитсистӣ дар матбуоти даврӣ ва 300 адад асарҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои бонуфуз ба нашр расонидааст.

Усмонҷон Ғаффоров аз ин таваҷҷуҳ болида гардида, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии сиёсати оқилона ва раъиятпаваронаашон миннатдорӣ баён карда, таъкид дошт, ки дар баробари давлати пирӣ рондан алҳол дар таҳияи 4 китоб: аз ҷумла китоби дуҷилда иборат аз 700 саҳифа бахшида ба рӯзгори ибратбахши Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, доир ба зиндагиномаи ҳофизи мардумӣ Маъруфхӯҷа Баҳодуров, ровии мумтоз Маҳмудҷон Воҳидов ва нависандаи забардаст Сотим Улуғзода заҳмат кашида истодааст. Дар оянда низ ҳар як соату дақиқаи умрашро барои ин миллат сарф хоҳад намуд.

Дар ҳамин ҷо профессор Усмонҷон Ғаффоров нахустин нусхаи китоби “Сотим Улуғзода”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки муаррихи номвар ва ходими намоёни ҷамъиятиву сиёсӣ, олим, олим, публитсист ва омӯзгори варзида Усмонҷон Ғаффоров дар рушду нумӯи муҳити илмиву таълимии кишвар хизматҳои бузург ба сомон расонида, беш аз 50 сол инҷониб ба таълиму тарбияи ҷавонон ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи таърих дар мӯътабартарин муассисаҳои олии мамлакат саҳми арзанда мегузорад. Фаъолияти илмию омӯзгории мавсуф бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун ассистент, аспирант пайванди маҳкам дошта, марҳилаи оғози пажӯҳишоти илмиатон дар ҳамин муассисаи бонуфузи илмии кишвар сурат пазируфтааст. Баъди солҳои тӯлонӣ фаъолияти хешро ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваст. Дар ҷараёни фаъолияти пурсамари хеш дар ин боргоҳи илму маърифат дар вазифаҳои муаллим, сармуаллим, дотсент, профессор, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, инчунин декани факултети таърихро ба дӯш дошта, барои ташаккули муҳити маънавӣ ва маърифатии донишгоҳ, тарбияи насли наврас, ба камон расонидани шогирдони зиёде муваффақ гардида, симои худро омӯзгори асил, устоди соҳибназар ва олими соҳибмактаб муаррифӣ карда тавонист. Ширкати фаъолонаи прфессор Усмонҷон Ғаффоров дар ҳаёти ҷамъияти вилоят ва ҷумҳурӣ аз саҳми назаррасаш дар густариши корномаҳои мухталиф дар ҷомеа паём расонида, садоқат ва вафодории хосаашро ба ормонҳои давлатдории миллии тоҷик бозгӯӣ мекунад. Ба унвони Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили қонунгузории мамлакат ва таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ, хоса дар бахши маориф ва илм хидматҳои шоистае аз худ зоҳир намудааст ва он дар таърихи низоми қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт гардидаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ