​Вохӯрии раиси Шӯрои ВАО бо донишчуёни кафедраи журналистика ва назарияи тарчума

Талаботи журналистикаи муосир, риояи меъёрҳои этикаи касбии журналистика ва омилҳои муҳим дар самти тарбияи журналистони ҳирфаӣ ҳини мулоқоти масъулини Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот Раиси Шӯрои ВАО Бахтиёр Ҳамдамов, аъзоён Кироншоҳ Шарифзода ва мушовири хуқуқии Шӯро Суҳроб Пӯлотов иштирок ва перомуни масоили муҳими журналистика ибрози назар намуданд.

Дилбар Самадова, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума зимни ифтитоҳи мулоқот ҳадаф, мақсад ва аҳамияти вохӯриро барои донишҷӯён шарҳ дод.

“Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Шӯрои ВАО ва созмонҳои марбут ба фаъолияти журналистӣ, ташкил ва баргузории мулоқоти масъулини чунин ташкилотҳо бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзноманигорӣ аҳамияти муассир дошта, ҷиҳати таҳкими саводи донишҷӯён, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дониши ихтисосии онҳо нақши созанда дорад”- таъкид намуд Дилбар Самадова.

Раиси Шӯрои ВАО доир ба журналистикаи касбӣ ва муносибати солими рӯзноманигорон бо сарчашмаҳои иттилоотӣ сухан намуд.

Роҷеъ ба риояи меъёрхои касбӣ журналист Кироншоҳ Шарифзода ва перомуни самтҳои ҳуқуқии поймол намудани он хуқуқшиноси Шӯро Суҳроб Пӯлотов ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон, донишҷӯён ба суолҳои худ аз намояндагони Шӯрои ВАО посух гирифтанд.

Дилбар Самадова ҷиҳати ташкили вохӯрии судманд ва чунин ташаббуси нек ба роҳбарияти Шӯрои ВАО изҳори сипос намуда,умеду боварӣ кард, ки чунин ҳамкориҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ