​Оғози мусобиқаи футбол байни донишҷӯён

Имрӯз дар майдончаи варзишии донишгоҳ бахшида ба 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500 солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ бо мақсади тарғибу ташвиқи намудҳои мухталифи варзиш байни донишҷӯён, таҳкими дӯстӣ ва ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби донишҷӯён ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ ва барои интихоб намудани донишҷӯ – варзишгарони болаёқат барои дастаҳои яккачини донишгоҳ, тайёрӣ ва иштирок дар Спартакиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни факултетҳо оғоз гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба тарбия Усмонов Аюбҷон, мудири шуъбаи тарбия Шомирзоев Бахтиёр, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Исмоилов Хайёмиддин ва намояндагони соҳаи кор бо ҷавонон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иброз гардид, ки варзиш яке воситаҳои дур гаштан аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб маҳсуб мешавад ва рушди соҳаи варзиш барои пешрафти кишвар низ омили муҳим ба ҳисоб меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин бо ҳамин роҳ густариш бахшидани тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи генофонди миллат аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад».

Дар асоси низомнома 17 дастаҳои факултетҳои донишгоҳ байни ҳам қувваозмоӣ намуда, баъдан дастаҳои ғолиб дар давраҳои минбаъда бо ҳам нерӯсанҷӣ хоҳанд кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ