​Ҷамшед Ҷӯразода ҷавононро насли босаодат ва солими даврони истиқлолият хонд

Имрӯз 13-уми феврал, дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлавтии вилояти Суғд мулоқоти роҳбарон ва намояндагони донишгоҳҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.

Дар мулоқот намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллоева ширкат ва доир ба рушди бемайлони соҳаи маориф ва илми кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, ва дар ин замина, оиди иқтидору дастовардҳои муассисаҳои олии касбии вилоят сухан доштанд.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, профессор Ҷамшед Ҷӯразода Ҳабибулло зимни суханронӣ ҷавононро насли босаодат ва солими даврони истиқлолият хонда, афзуд, ки Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар заминаи татбиқи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти худро бо шаклҳои наву замонавии системаи муосири таълим, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътирофгардида мебошанд, ба роҳ мондааст. Ин аст, ки дар донишгоҳ ҷиҳати омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизотҳои ҳозиразамон, ва ба ин восита, ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани сифати таълим тадбирҳои ҷиддӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ҷамшед Ҷӯразода гуфт, ки фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шуда, ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад. Гуфта шуд, ки дар донишгоҳ 47 нафар доктори илм, профессор, 354 нафар номзади илм, дотсент, 200 сармуаллим, 199 муаллим фаъолият менамоянд, ки 50% теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Ректори донишгоҳ доир ба иқтидори илмии донишгоҳ ҳарф зада, зикр кард, ки дар донишгоҳ 47 нафар доктори илм, профессор, 354 нафар номзади илм, дотсент, 200 сармуаллим, 199 муаллим фаъолият менамоянд, ки 50% теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тибқи Квотаи президентӣ 874 нафар, аз онҳо 515 нафар духтарон дар шуъбаи рӯзона ва 6 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд. Ҳамчунин зикри ин нукта рафт, ки айни ҳол дар донишгоҳ 7 гирандаи стипендияи президентӣ, 22 стипендияи Раиси вилоят, 6 нафар стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд ва 3054 стипендияи донишгоҳӣ дар маҷмӯъ, 3089 стипендия ба қайд гирифта шудаанд.

Доир ба ҳамкориҳои донишгоҳ бо 106 муассисаи таълимӣ ва 54 корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатию ғайридавлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд сухан рафта, иттилоъ дода шуд, ки яке азмуҳимтарин рӯйдодҳо дар соли таҳсили 2019-2020 таъсиси 10 ихтисоси нав маҳсуб мешавад, ки дар тарбияи кадрҳои тахассусманд заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Ҷиҳати таъсиси ихтисосҳои наву замонавӣраёсати донишгоҳ боз ҳам корбариро вусъат дода, тасмим гирифтааст, ки дар соли таҳсили 2020-2021 таъсиси 22 ихтисоси наву замонавии дигарро ба роҳ монад.

Дар фароварди сухан профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо боварии комил изҳор дошт, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд яке аз ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро интихоб намуда, ба номи пуршарафи донишҷӯӣ соҳиб гашта, барои ободиву рушди Ватани азизамон саҳми назаррас мегузоранд.

Макрази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ