​Интихобот ва нақши он дар пешрафти ҷомеа

Инкишофи ҷомеа рушду нумӯи раванду ҳодисаҳои мухталифро тақозо менамояд. Онҳо ба инкишофи ҷомеа таъсир бахшида, худ низ комил мегарданд, пешрафти ҷомеаро таъмин менамоянд. Яке аз чунин раванду ҳодисаҳои муҳими ҷомеаи мутамаддин интихобот ба ҳисоб меравад. Интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат, интихобот ва низоми интихоботӣ ташкил медиҳад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Интихобот чорабинии оммавӣ- сиёсӣ буда, дар доираи он шаҳрвандондастаҷамъона иштирок менамоянд. Тавассути интихобот мардум шахсиятҳои арзанда ва мувофиқро дар корҳои роҳбарӣ интихоб менамоянд ва дурнамои зиндагии наслҳои ояндаи худро муайян менамоянд. Иштирок дар интихобот ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Интихобот, ки унсури асосӣ ва зарурии сиёсат аст, дар инкишофи муттасили ҷомеа мақом ва нақши фаъол дорад. Барҳақ, интихобот дар ҳаёти ҷомеаи муосир мақоми махсус дорад, он ба қувваи мутаҳаррики пешрафти ҷомеа табдил ёфтааст. Интихобот воситаест, ки тавассути он таҳкиму такмили сохторҳои ҷамъиятӣ таъмин мегарданд. Моҳияту хусусиятҳои интихобот дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар нишон дода шудааст: «Ҳар инсон ҳақ дорад дар идораи корҳои кишвари худ бевосита ё тавассути намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, ширкат кунад. Иродаи мардум бояд поя ва асоси қудрати ҳукумат бошад». Дар олам кишвареро дарёфт намудан номумкин аст, ки аз интихобот истифода нанамояд. Новобаста аз сохти сиёсӣ ва муносибатҳои сиёсии њукмрони ҷамъиятӣкишварҳои олам ба раванди интихобот рӯ меоранд.

Тоҷикистон низ чӣ дар гузаштаи на чандон дур ва чӣ дар замони муосир дар рафти инкишофи хеш интихоботро дар сатҳи гуногун истифода менамояд. Раванди интихобот, ки мураккабу пурљараён аст масъалаҳои мухталифро пеш мегузорад. Ҳал намудан ё ба инобат гирифтани онҳо талаби рӯз аст. Махсусан, дар замони муосир, ки Ҷумҳурии Точикистон бунёди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандиро мақсади хеш қарор додааст, рӯ овардан ба интихобот ҳамчун воситаи ҳалли масъалаҳои бузург ва умуман, инкишофи ҷомеа амри воқеъ аст. Интихобот дар санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар КонститутсияиҶумҳурии Тоҷикистон расмият ёфтааст.

Чуноне ки маълум аст, 1 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар соли 2020 мебошад. Имрӯз ки модар арафаи ин маъракаи сиёсӣ қарор дорем, бояд муҳим будани раъйи худро дар шукуфоии Ватани азизамон ва дурнамои давлатдории миллӣ ба хубӣ эҳсоснамоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ