​Хобгоҳи устодон ва кормандони донишгоҳ таъмир мешавад

Ҷамшед Ҷӯразода – ректори донишгоҳ бо мақсади ошноӣ бо шароит ва будубоши устодон ва кормандон аз хобгоҳҳои №5 ва №8-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дидан ба амал овард.

Ректори донишгоҳ аз шароит ва зисту зиндагонии устодон ва кормандоне, ки дар хобгоҳҳои фавқуззикр иқомат доранд, дидан намуда, зимни суҳбат баён намуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳроии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба шароит ва зисту зиндагонии устодон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.

Ба масъулин ҷиҳати аз таъмири ҷорӣ баровардани хобгоҳи №5 ва №8, ташкили шанбегиҳо, ва дар ин замина, тоза нигоҳ доштани гирду атроф, шинонидани дарахтон ва гулҳои ороишӣ дар саҳни биноҳо дастурҳои мушаххас ироа гашт.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода гуфт, ки масъулин ҳарчи зудтар дар хобгоҳҳои номбурда шароити хубу замонавиро фароҳам оварда, дар саҳни бино барои устодон ва кормандони донишгоҳ истироҳатгоҳ ва дигар лавозимоти заруриро муҳайё созанд, ки он туҳфаи арзанда ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

Маркази иттилот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ