Экстремизм ва озодӣ

Агар хоҳем, ки ҷомеаи худро, як ҷомеаи пешқадам ва барои тамоми башарият намунавӣ муаррифӣ намоем, бояд дар мафкураи насли ҷавон танҳо арзишҳои созандаву замонавӣ ташаккул диҳем.

Нуқтаҳое, ки Кабирӣ дар мусоҳиба ишора мекунад, ҳамагӣ беасос ва муғризонаанд. Ӯ ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон кина ва рашк дорад. Рашк ва кинаи ӯ аз он аст, ки халқ ва миллати тоҷик тарзи тафаккури харобавари наҳзатро напазируфт ва новобаста аз заҳмату талоши зиёд миёни ҷомеаи тоҷик маҳбубият пайдо накард.

Яке аз ҳуқуқҳое, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст, ки «Ҳеҷ кас набояд дар ғуломӣ ё ҳолати маҷбурӣ нигоҳ дотшта шавад; ғуломӣ ва ғуломфурӯшӣ дар ҳамаи навъҳои онҳо манъ аст» аз ин лиҳоз ҳеҷ кас ин ҳуқуқи шахсро ҳеҷ кас наҳоҳад поймол кард.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии шахсият, манзил ва дахолат накардан ба иҷрои вазифавии коргарони муайян пешбинӣ карда шудааст. Шахс ба ягон мафкура, ҳаракат ва монанди ҳаминҳо, ки баръало ғайриқонунӣ аст, бояд шомил ва аъзо нашавад, ки бе хоҳиши ў ягон нафар ҳуқуқ надорад, ки онро ба ин мафкураҳои ғайриқонунӣ шомил намоянд.

Бо паҳншавии андешаҳои зидди давлатии ҳар як давлати мустақил, ки бо саркардагон ва дастгирии хоҷагони абарқудрати хориҷӣ ҷалби ҷавонони равшанфикр гурӯҳҳои экстремистӣ ва ифротгароиро созмон медиҳанд имрӯз вазъияти сиёсии бархе аз давлатҳо ноором аст.

Хатари ифротгароӣ яке аз ҳолати номатлуби ҷомеа буда, он барои тамоми мавҷудоди зинда ва мардуми осоишта зарари зиёд меоварад. Ифротгароӣ ва экстремизм ҷаҳони имрӯзаро ба харобазорҳо мубаддал намуда, асоси ғаразҳои ислоҳнашаванда дар ҷомеа гаштааст.

Аз таҳлил ва маълумотҳо бармеояд, ки айни замон дар олам садҳо созмонҳои гуногуни террористию экстремистӣ фаъолият доранд, ки бо амалҳои даҳшатворашон ҳамагонро ба ташвиш овардаанд.

Ҷуғрофияи паҳншавии созмонҳои террористӣ бисёр васеъ аст: Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқо ва ғайра. Созмонҳои террористии “Абу-Нидал”, “Абу-Сайёф” ва “Аум синрике” (Ҷопон), “ХАМОС” (Фаластин), созмони баскҳои Испания бо номи “Ватан ва озодӣ”, “Ал-Қоида”, “Артиши озодихоҳи миллӣ”(Колумбия), Созмони озодбахши Томил Илама (Шри-Ланка), созмони “Бригадаҳои сурх” (Италия), “Толибон”(Афғонистон), “Боко ҳарам”, Ҷабҳат-ан-Нусран аҳли Шом”(Сурия), “Давлати исломӣ ”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Лашкари Тайба”(Покистон), “Гурӯҳи салафии таблиғ ва ҷиҳод”(Алҷазоир), “Ал ихфон ал муслимин”(Миср), “Ал-Ҳарамайн” (Арабистони Саудӣ) ва ғ.

Аз дасти гурӯҳи террористии “Толибон” тамоми халқи Афғонистон дар хатар қарор доранд. Ягон модари афғон намехоҳад, ки фарзандаш дар ватан зиндагонӣ кунад, зеро рӯзе нест, ки ягон ҳолати ногувор ба аҳолии ин мамлакат таҳдид накунад. Зиёда аз 40 сол мешавад, ки аҳолии ин мамлакат дар мамлакатҳои гуногуни дунё ҳамчун фирорӣ маскун гирифта, шабу рӯз дар орзуи бехатарии макони аслиашон мебошанд.

Зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон иброз доштанд: “Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва изҳор медорем,ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд”.

Аз ин рӯ ҷавонони кишвар шукргузории ин марзу бум, шукргузории сиёсати имрўзаи Сарвари давлат, шукронаи таваҷҷуҳи беназир, ки имрўзу фардои онҳоро дар рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ва пайгирӣ менамоянд, қадами устувор ба сўи ояндаи дурахшон мегузоранд. Онҳо худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар мепиндоранд. Бо дарназдошти ин ҷавонон пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозанд.

Мо имрӯз табақаи интеллегенсияи ҷомеа амалҳои бадхоҳону бадандешони миллатро маҳкум намуда, аз ҳамагон даъват ба амал меорем, ки ба қадри ваҳдат, сулҳу субот ва оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол расанд, шукргузор бошанд ва дар пешрафту ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд.

Шарипова Муътабар - дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ