​Хатари глобализатсия ба амнияти миллӣ

Дар ҷаҳон аз қадим барои ҳар як миллату давллатсулҳу амниятасоси пешравӣба шумор меравад.Зеро пешравию иҷрои нақшаҳои стратегӣ ба амнияти миллӣвобастагии қавӣ дорад. Дар ҷамъият ҳар як ҷараёнба худ алтернатив дорад. Ва алтернативисулҳуамнияти миллӣ ин низоъ мебошад ва ё баръакс.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлолаз шумори он давлатҳоест, ки баробари ба даст овардани истиқлолияти комил дар дохили он нооромиҳо ва низои дохилӣбавуҷуд омада буд. Хушбахтона, хатари нобудшавии миллатро халқи тоҷик дарк карда, зери роҳбариПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки он ҳамчун элитаи сиёсии халқ башумор меравад, ин мушкилиропушти сар намуданд.

Халқи тоҷик дар он замон зери як идология, ки онро метавон идологияи сулҳофарин ном гирифт, ҷамъ омада, пайи пойдор намудани сулҳу ваҳдат шуданд, ки ин аз хираду заковатибаланди халқи тоҷик дарак медиҳад. Халқи тоҷик аз қадим ин идеялогияро пайравӣ менамуданд. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои устувории чунин идеологияи солим кадом омилҳои иҷтимоӣ таъсир мерасонанд?

А) Пеш аз ҳама фарҳанг ва тамадуни бойю рангини ин қавм мебошад.

Б) Дигар омил милатдӯстии ин қавм.

В) Ҳисси гуманистии ин миллатмебошанд.

Вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон баамнияти ҳар як миллат хатар таҳдид мекунад. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ё ба истилоҳ глобализатсия қарор дорад, ки дар ин раванд пеш аз ҳама, бархӯрди тамадунҳою фарҳангҳо ва тарзи истеҳсолоти модии ҷамъиятӣ шомил мешаванд.

Дар ин ҷараён наметавонад ҳеҷ давлате худдорӣ намояд, зеро худдорӣ аз ин раванд маънои аз пешравииҳаёти иқтисодиву иҷтимоиидавлат дасткашиданро дорад. Раванди ҷаҳонишавӣ як қатор шохаҳои ҷомеаро фаро гирифта, он дар ташаккулёбиитарбияи ахлоқии насли наврасу ҷавонон, ки инҳо асоси идеологияи миллиро ташкил медиҳанд ва идеологияи миллӣ бошад омили асосии худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ба шумор меравад, ки ин ҳама асоси поядорӣ ва бардавомии амнияти милӣ ба шумор меравад. Дар ин аснод глобализатсия ба ташаккулёбии чунин сифатҳотаъсири бузург хоҳад гузошт. Зикр карданбо маврид аст, кихатари асосии нестшавии ҳар як миллату давлатдар коста гардидани идеологияи миллии ҷавонони он ба шумор меравад. Ва глобализатсия бошад яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба шуур, махсусан, ба шаклҳои шуури ҷамъиятии наврасону ҷавонон алалхусус, ба ахлоқ,дин, ҷаҳонбинӣ, ки ин шаклҳои шуури ҷмъияти идеологияи шахсро муаян менамоянд, таъсири ниҳоят манфӣ мерасонад. Ва интаъсиррасониҳоро ба таври зайл ифода намудан мумкин аст:

А)Ҷаҳонишавии фарҳангҳо ва бегонашавии фарҳанги миллӣ:

Фарҳанг маҷмӯиарзишҳои инсонӣ буда, тавассути он инсон ғизои маънавӣмегирад, дараҷаи донишу тафаккур ва биниши хешроафзун мегардонад. Фарҳанг аз ҷониби дигар як роҳи динамикии болоравии маърифти миллии шаҳрвандони ҳар як давлату миллат ба шумормеравад. Фарҳанг дар маҷмуъчун осмоне, ки заминро пӯшонида аст ва қавмҳои гуногунро дар зери як андешаву равия ҷамъ овардааст дар маҷмуъ фаҳанг сарҷмъӣ ва омилии асосии пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеаиҳар як давлату милати соҳибихтиёр мебошад.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ зиёданд давлатҳое, ки қисм- қисм фарҳангу забони худро аз даст медиҳанд. Аз шумури ин давлатҳо, ки худи ҷаҳонишавӣ аз он ҷойҳо манша мегирад: Франсия, Канада ва ИМА мебошанд. Яъне, ба бегонашавии фарҳанг раванди ҷаҳонишавӣ таъсир мерасонад. Вале фарҳанг ҷузъи асосии ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқии башарият ба шумор меравад. Пас ҳар миллатро зараур аст, ки дар ин раванд омодагӣ дошта бошад. Ин аз шаҳрвандони онвобастагии зиёд дорад. Шаҳрвандон агар дорои ҳисси миллатдӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузор ба фарҳангу тамаддуни гузаштаи хеш бошанд, ҳеҷ гоҳ фарҳанги бегонаро ба худ қабул нахоҳанд кард.

Аммо боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо дар ҷомеаи мо баъзан калонсолону ҷавонон ба бегонашавӣ рӯй оварда, ба фарҳанг ва забони миллии хеш доғ меоранд ва ин ҳисси миллатдӯстии наврасону ҷавононро коста гардонида, дар онҳо майли эгоистӣ ба вуҷуд меояд. Инба коҳишёбии фарҳанг ва тамадуни суннатии миллати куҳанбунёди тоҷик оварда мерасонад. Дар сурати коҳиш ёфтани фарҳангу забон миллатро хатари парокандагӣ таҳдид мекунад, чун ки фарҳанг яке аз механизмҳои сарҷамъ намудани халқмансуб меёбад. Пас, мо, аҳли ҷомеаро лозим аст, ки азраванди ҷаҳонишавӣ ҷиҳатҳои хубашро қабул намуда, ҷиҳатҳои зиёноварашро аз ақлу зеҳн вафарҳанги худ дур созем. Ин, албата вобастагӣ дорад ба дараҷаи фаҳмиши ҳар як инсон.

Б) Дин дар раванди ҷаҳонишавӣ ва пос доштани арзишҳои динӣ:

Дин як навъи шуури ҷамъиятӣ буда,дар тарбияи ахлоқии башар нақши созгор ва аввлиндараҷадорад. Маҳз принсипҳои динӣ инсонро аз бисёр амалҳои зишти ғайриахлоқӣ нигоҳ медорад ва намегузорад, ки одам ҳамаи талаботҳои биологиашро худсарона анҷом диҳад.Пас, ҳар миллатро лозим аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ аразишҳои мазҳабиву динии худро аз ҳар гуна хатарҳо эмин дорад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ чизи аз ҳама таҳдидовар ба таълиму тарбия, махсусан, тарбияи ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ ин дар зиёд шудани гуруҳои тероризму экстермизми динӣ мебошад. Он бевосита ба мафкураи наврасону ҷавононтаъсир расонида, онҳоро аз омӯхтани илм дур месозад. Дар асри XXI чизи аз ҳама хатарнок барои сулҳу амнияти кишварҳои дунё, алалхусус, минтақаи Осиё ин зиёд шудани равияҳои терористӣ, ки аз номи дини ислом баромад мекунанд, мебошад. Онҳо на дин доронанду на инсоншиносону худотарс, балки ҷоҳилӣ аз дин ҷудову аз Худо бехабаранд. Ин раванд азаҳли ҷомеа, махсусан, аз муаллимон зиракии сиёсӣ ва дорои маданияту фарҳанги диниву мазҳабиро талаб менамояд. Чунки қисми зиёди ҷавонони ба ин гурӯҳҳо шомил мешудагӣ аз арзишҳои диниву мазҳаби тамоман бехабаранд. Ба хонандагон чӣ будани мазҳаб ва дину роҳи ростро фаҳмонида тавонистани омӯзгорон,падару модарон ва аҳли ҷомеа зарур аст, тонаврасону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо нагараванд. Дар умум дар раванди ҷаҳонишавӣ пос доштани арзишҳои динӣ яке аз воситаҳои асосии мустаҳкамгардонии тарбияи ҳисси милатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ахлоқӣ ва умуман, таъмини амнияти динӣ, ки он яке аз воситаҳои таъмини амнияти миллӣ башумор меравад, мансуб меёбад.

В) Компиютеркунонӣ ва густариши техникаву технология омили коҳишёбии ахлоқ дар ҷомеа:

Дигар ҷанбаи ҷаҳонишавӣ, автоматизатсиякунонӣ ё компиютеркунонӣаз як ҷиҳат хуб аст, корҳои одамонроосон намуда, бакорхонаҳо ва муассисиаҳо ва фардҳои алоҳидафоидаи моливу пулӣ васиёсиву мафкуравӣмеорад. Вале, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин раванд ба ташаккулёбии сифатҳои маънавии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Дар шаҳрҳо зиёд шудани марказҳои хизматрасонии компиютерӣ (интернеткафе, бозии сонӣ ва ғайра) омили асосии дур шуданиталабагону донишҷӯён аз раванди таълим ва коҳиш ёфтани ахлоқи ҳамидаи инсонӣба шумор меравад.

Барои исботи ин гуфтаҳометавон чунин мисол овард. Писарбача як маротиба ба бозии компютерӣ меравад, аз ҳисоби ҷӯрааш ва ё бо пули додаи падараш. Баъди як бор баон ҷо рафтану шавқ пайдо карданаш ҳаррӯз барои бозӣба он ҷо меравад. Аммо шароитё буҷаиоила ба ӯ имкон намедиҳад, ки кӯдак ва ё наварас доимо вориди ин макон гардад. Дар сурати наёфтани маблағ бача даст ба дӯздӣ ё дурӯғгӯӣ мезанад, ки ин омили сустшавии ахлоқи он мансуб меёбад. Ва ин ба тартиботи ҷамъиятӣ низ халал ворид месозад, чунки аз рӯи баъзе мушоҳидаҳо дар чунин марказҳо баъди бозиҳои тулонӣ низоъ байни наврасон сар мезанад, ки ин нишондиҳандаи хуб нест.Хушунатубадбинӣпояи иттифоқро суст мегардонад.Дар ин раванд, барои пешгирии ин амали номатлуб, нақшипадару модаронхеле зиёд аст. Аз ин нуқтаи назар, талаб карда мешавад, ки падару модарон баҳри бартараф намуданимушкилоти зикршуда ҳар чӣ бештар бо мактабу маориф ҳамкории зич намоянд.

Г) Ҷомеаи хабарбунёд ва нақши сомонаҳои иҷтимоӣ дар ташаккулёбии ҳисси миллатдӯстӣ ва амнияти миллӣ:

Ҷомеаи хабарбунёд ва ё иттилоотӣ яке аз масъалаҳои меҳварии раванди ҷаҳонишавӣ ба шумор рафта, нақши он дар ҷомеа, дар паҳн гардонии хабару иттилоот мебошад. Ва онро бештар тавассути сомонаҳои иҷтимоӣпаҳн менамоянд. Ин аз як ҷиҳат хуб аст, ки инсонҳо дар бораи тамоми ҳодисаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дастовардҳои илмии ҷаҳоногоҳӣ меёбанд. Вале аз ҷониби дигар ин ба ташаккулёбии фикриву ахлоқии наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Аксар вақт наврасону ҷавонон тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ як қатор видеороликҳои ғайриахлоқӣ ва ё зидди идеологияи милиро тамошо ва матнҳои ҳамрадифи инҳоро тамошова мутолеа менамоянд. Инчунин, ба гирифтани ахбороти сохтаи дигар ташкилотҳои зидди инсонӣ машғул мешаванд, ки ин ба раванди ташаккулёбии хислатҳои маънавии онҳо таъсири манфӣ мерасонад ва боиси коста гардидани меъёрҳо ва принсипҳои инсондӯстӣва ватангароиҷавонон дар ҷомеа мегардад. Тавре кимаълум астдар илми равоншиносӣгуфта шудааст: он чизе, ки дар ҳаёт объективан вуҷуд дорад, новобаста аз объективияташ ба эҳсосоти мо таъсир мерасонад. Албата, тамошо ва мутолеаи чунин видеороликҳо ва матнҳои ифротӣба ҳиссиёти онҳо таъсири манфӣ расонида, дар равияи шахсии онҳо таъсири идеологӣ мерасонад.

Аз тарафи дигар тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ шинос шудани ҷавонон ба дӯстҳои нав, ки баъзе аз онҳо барои гурӯҳҳои ифротгароӣ хизмат менамоянд ва ин барои ҷавонон хатарноктар ҳастанд. Зеро мувофиқи таҳлилҳо дар солҳои охир шомил шудан ба гурӯҳҳои терористӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ бештар суръат гирифта истодааст. Ва шомилшавии ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои терористӣ хатари калонест, ба амнияти миллӣ ва ё доғест барои миллат.

Ин ҳолат сараввал аз падару модарон ва омӯзгорон талаб менамояд, ки ҷиҳатҳои манфии сомонаҳои иҷтимоиро ба бачагон пурра фаҳмонанд, то ин ки хонандагон ба ҳар гуна сомонаҳоиғайриахлоқӣ дохил нашаванду бадахлоқу бадтинату пастфитрат нагарданд. Ва дар баробари ин, тарзи ба манфиати кор истифодабарии сомонаҳои интернетиро ба онҳо омӯзонанд.

Хулоса, ҳар як миллат дар раванди ҷаҳонишавӣ хоҳу нохоҳ қарор хоҳад гирифт ва роҳи ягонаи зарар надидани фарҳанг ва коста нагардидани ахлоқ дар ҷомеа, қабл аз ҳама, омода будан ва ё шудан ба ин раванди пуртазод мебошад. Пас, ҳар як падару модар ва омӯзгорро лозим аст, ки сараввал худ дониши кофии муоссир дошта бошад, то ин ки ба хонандагон ва дигар шаҳрвандон чӣ будани ин равандро фаҳмонда тавонад. Дар баробари падару модаронва омӯзгорон дигар қишрҳои ҷомеаро низ лозим аст, ки ба бегонапарастӣ рӯ наоранд, чунки кӯдакон тақлидкоранд ва ба онҳо пайравӣ мекунанд.

Аз маҷмӯаи мақолаҳои "Илм ва амнияти миллӣ"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ