​Даври аввали Фестивали вилоятии “Чакомаи гесӯ” доир гардид

Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд даври аввали Фестивали вилоятииЧакомаи гесӯ” баргузор гашт.

Дар даври аввали Фестивали “Чакомаи гесӯ” донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯйи се бахш байни ҳам рақобат намуда, расму оинҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну арӯсбарон, мӯйбофию ҷамолакбандӣ ва зулфандӯзӣ, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ, эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ, либосҳои миллӣ ва замонавиро намоиш доданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибон муайян ва ба даври баъдии озмун роҳхат гирифтанд.

Дар интиҳо, муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аюбҷон Усмонов сухан карда, гуфт, ки гесӯ намунаи зебоӣ занон ба ҳисоб рафта, гесӯи дароз чун рамзи покиву назокатва ҳусну малоҳат, умри бобаракат шинохта шудааст. Баргузории Фестивали “Чакомаи гесӯ” имконият медиҳад, ки паҳлуҳои парваришу ороиши мӯй, ҳунари волои машшотагӣ дар ин ё он маҳал, санъати асили шонатарошию навъҳои гуногуни мӯйбофию ҷамолакбандӣ ва зулфандӯзӣ кашф карда шуда, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирад.

Мавриди зикр медонем, ки Фестивали вилоятии “Чакомаи гесӯ” бо мақсади тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, ороишу парвариши мӯй, ҳунари волои машшотагӣ, ва ба ин васила, тарғибу ташвиқи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумлаи маросимҳои анъанавии арӯсбарон, мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, кокулбофӣ ва намоиши гесӯи дароз, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ ба роҳ монда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ