Набзи донишгоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷиҳати муаррифии дастовардҳои донишгоҳ, инъикоси руйдодҳои муҳим, ба роҳ мондани равобити дастрас бо довталабон ва донишҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоии “Instagram”, “Facebook” ва “Telegram” саҳифаи муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” фаъол аст.

Ташаббуси мазкур бо назардошти зарурияти раванди рушди технология ва иттилоот, пур намудани фазои иттилоотӣ бо маводи муфиду хонданӣ ва ошно намудани истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ бо фаъолияти донишгоҳ роҳандозӣ шудааст.

Масъулини саҳифа ҳамарӯза оид ба воқеоти донишгоҳ хабару гузориш таҳия намуда, перомуни масоили умдаи ҷомеаи муосир маводи таҳлилӣ интишор менамоянд.

Гуфта мешавад, истифодабарандагони саҳифа дар баробари шинос шудан бо навиди донишгоҳ, инчунин имкон доранд бобати раванди таҳсилу тадрис ба суолҳои худ посух гиранд.

Instagram - https://www.instagram.com/hgu.tj

Facebook - https://www.facebook.com/ksu.tj

Telegram – https://t.me/ksutj

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ