Интихобот ва манфиатҳои миллӣ

Таҳти ин унвон имрӯз дар толори факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим, муовини ректор оид ба корҳои тарбия Усмонов Аюбҷон, мудири шуъбаи тарбия Шомирзоев Бахтиёр, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Исмоилов Хайёмиддин иштирок ва перомуни мавзуъҳои мубрами ҷомеаи муосир ибрози назар намуданд.

Маъракаи муҳими сиёсӣ- Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии ин мулоқот буд.

Таъкид гардид, ки саҳми фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сулҳ, таҳкими амнияти миллӣ, сарҷамъ гардонидани халқ ва таҳкими суботи сиёсии кишвар созанда, муассир ва калидӣ аст.

Гуфта шуд, Паёми нахустини Эмомалӣ Раҳмон ба маънои зайл: "Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард" дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар таърихи 19 - уми ноябри соли 1992 садо дода буд ва имрӯз халқи тоҷик шоҳид аст, ки Пешвои муаззами миллат ба ваъдаи худ вафо намуда, ба Тоҷикистон сулҳ овард.

Ҳамзамон, дар доираи мулоқот масоили нақши ҷавонон ҷиҳати ҳимояи истиқлоли миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, пешгирӣ аз гароиш ба ақидаҳои ифротӣ ва динӣ, шеваҳои муосири мубориза бо зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ