​Сухан дониставу санҷида бояд гуфт....

Чанде қабл тариқи расонаҳои хабарии электронӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш гардид, ки дар идомаи ҳамон баҳсҳои қаблӣ ҷониби Қирғизистон дар шахси намояндагони баландпояи худ, аз ҷумла афсари мустаъфӣ Талант Раззоқов рӯйрост ҷониби кишвари моро ба хостори сулҳу оштӣ набудан айбдор мекунанд. Ҳамзамон, чун гузашта даъво дорад, ки Ворух анклав аст ва он ба ҳудуди Қирғизистон мутааллиқ аст. Ҳарчанд ин намояндаи қаблан соҳибмақоми кишвари ҳамсоя даъво дорад, ки масъала бояд ба таври мусолиҳатомез ва сулҳдӯстона ҳаллу фасл шавад, аммо ба назари мо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиданд, ки баръакс ин ҳарфҳоро бояд ин ашхоси воломақом нисбат ба ҷониби кишвари худ гӯянд. Далели аввали мо ин аст,ки ҳамеша аз оғоз Тоҷикистон ҷониби сулҳу оромиш ва таҳкими дӯстӣ дар минтақа буду ҳаст ва боре ҳам аҳдномаҳо аз тарафи кишвари мо вайрон нашудааст. Баръакс, аз таҳаммулпазирии ҷониби Тоҷикистон истифода намуда, ҳатто бо дахолати мақомоти қудратии кишвари ҳамсоя ҳуљумҳои мусаллаҳона ба аҳолии осоишта дар чандин минтақаи марзии мамлакати мо анҷом шуд, ки дар натиҷа чандин нафар шаҳрвандон кушта шудаву зарари ҷисмонии зиёд ба аҳолӣ расид. Бо ин ҳама ба андешаи расидан ба сулҳу субот ва оромиш, халал наёфтани дӯстии тӯлонии аҳолии минтақаҳои наздимарзӣ аз тарафи Тоҷикистон гузаштҳои зиёде шуд, аммо мутаассифона тарафи ҳамсоя таҳти таъсири гуруҳҳои манфиатхоҳ қарор гирифта, аз ин фурсат хостори ба манфиатҳои худ истифода намудан кард. Вале мутаассифона вазъро дар васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ на ончунон ки ҳаст маънидод намуд. Барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ возеҳу равшан аст,ки дар таърихи давлатдории тоҷикон ин миллат боре ҳам ба кишваре ё марзе аз ҳамсоягони хеш ҳамла накардааст. Нуктаи дувум ва шоёни таъкид он аст, ки имрўз ҷаҳон дар симои роҳбари Тоҷикистон, Президенти мамлакати мо- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро эътироф намуд, ки бузургтарин модели сулҳро на танҳо барои Тоҷикистон, балки минтақа эҷод намуд, ки онро сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун намуна барои кишвар кишварҳои ниёзманд ба сулҳ таъкид доштаанд. Гуфторҳои собиқ муншии Созмони милали муттаҳид Кофе Анан, Президенти Федератсияи Русия Владимр Путин ва дигар сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ худ далели гуфтаҳои болост. Пешвои миллати мо бори дигар ба ҷаҳониён таҷрибаҳои таърихии сулҳофаринии миллати моро дар масири таърих дар марҳилаи нави ташаккули давлатдории миллӣ эҳё ва идома дода истодаанд. Имрӯз барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ҳам талош доранд. Ба ин хотир, мардуми тоҷик пайравони ҳамин Пешвои сулҳовари хеш ҳастанд, ки дар муносибат ба тамоми кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистон ҳамеша бо ҳусни фарҳанги дӯстиву рафоқат ва оини ҳамсоядорӣ рафтор мекунанд ва ин ки Тоҷикистон хостори сулҳу оромиш дар минтақа нест, нисбат ба кишвари мо ва мардуми тоҷик туҳмати маҳз аст.

Нуктаи дувум вобаста ба ҳудуди Қирғизистон будани Ворух аст, ки дар гуфтори Талант Раззоқов таъкид шуд. Дар асл ин як даъвои хандаовар аст. Аз тарафи дигар, ин иддао таърифи рӯйрости таърих аст, чун садҳо далелҳои таърихӣ ҷой доранд, ки ҳатто дар аҳди қадим Ворух як вилояти бузурги тоҷикнишин буда, ки дар тобеияти он навоҳии зиёде қарор гирифта, ки аз ҷумлаи онҳо Суху Ҳушёриву минтақаҳо будааст. Аз нигоҳи забонӣ ҳам яке аз вожаҳои куҳани суғдӣ будааст ва мардуми ин минтақа то ҳанӯз куҳантарин вожаҳои тоҷикии аҳди сомонӣ, нахустин давлати тоҷиконро дар гуфтори хеш истифода мекунанд. Роҷеъ ба вожашиносии Ворух дар донишномаи электронии озоди “Википедия” чунин омадааст: “Деҳаи Ворух баъд аз Тамохуш ва Бамкахуш (қасабаҳои қадими Исфара) севвумин маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад. Вожаи Ворух аз «вара»-и форсии қадим гирифта шуда, маънии «қалъа», «мавзеи бо девор иҳоташуда»-ро дорад. Аз сабаби дар мобайни кӯҳҳо ҷой гирифтан Ворух номгузорӣ шудааст. Ба ақидаи авестошиносон калимаҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ ба Ворух пайвастагӣ доранд: «Дар Авесто сухан аз ҳафт кишвари яздонӣ меравад, ки дар замони тӯфони ҷаҳонӣ наҷотгоҳи башар маҳсуб мешуданд. Он ду кишвари шимолӣ бо номҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ бо Румон чун наҷотгоҳ ситуда шудаанд ва дар замони Фаридун номи ин ду кишвар ба Саразм табдил ёфт. Ворӯи Панҷакенти имрӯза, Ворухи ноҳияи Исфара ва Румони н. Бобоҷон Ғафуров дар Авесто бо номи ҳиндуаврупоӣ башорат медиҳад». Ҳамзамон дар «Гӯри муғ»-и Ворух пайкараи кӯчаки аз гач сохташудаи зан бозёфт шудааст ва тахмин меравад, ки шояд ин пайкараи яке аз наҷотдиҳандагони дигари башарият, фариштаи обҳои биҳиштӣ Аредвисура Анаҳито (нигаҳбони обҳои осмонӣ) бошад. Чунин номҳо далели онанд, ки замоне дар Ворух зардуштия ривоҷ ёфтааст ва номи Ворух низ метавонад аз он давра омада бошад”.

Ҳамзамон дар сарчашмаҳо ба таври барљаста таъкид шудааст, ки дар аҳди Сомониён дар тобеияти ин давлати миллии тољикон будааст. Ҳатто Заҳируддин Муҳаммади Бобур дар китоби “Бобурнома”-и хеш овардааст, ки “: «Ворух дар кӯҳпоя воқеъ аст. Обҳои равон, боғчаҳои босафо дорад. Дарахтони босамараш бисёр, вале бештари боғчаҳояш дарахти бодоманд. Мардумаш форсигӯянд. Вилояти Исфара чор қисм кӯҳпоя аст: яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух, чорум Ҳушёр». Мисли ин садҳо матлаб аз сарчашмаҳои таърихӣ метавон зикр намуд, ки ба сарзамини тоҷикон будани Ворух ишорат намудаанд. Аз ин рў, ба ҳақиқати таърих бо даъвоҳои беасос наметавон хати бутлон кашид. Ба ин мавзӯъ, набояд аз дидгоҳҳои хатираҳои сохтаи замони Шуравӣ ё даъвоҳои беасоси гуруҳҳои манфиатхоҳ, балки тавассути матолиби сарчашмаҳои куҳани таърихӣ, забону гуфтори мардум ва номҳои ҷуғрофӣ назар афканда, баъдан сухан кард, зеро суханро дар ҳама маврид санҷида ва бар асос далелҳои муҳками таърихӣ бояд гуфт, вагарна аз сухани бидуни далел ҷуз шармсорӣ дигар чизе ҳосил намешавад.

Нуралӣ Нурзод, устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ