Баргузории Рӯзи дарҳои кушод дар донишгоҳ

Имрӯз 14-уми март, бо мақсади ҷалби хатмкунандагон ба ихтисосҳои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Рӯзи дарҳои кушод ташкил ва гузаронида шуд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода, дар назди хатмкунандагон баромад намуда, гуфт, ки дар донишгоҳ ҷиҳати омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизотҳои ҳозиразамон, ва ба ин восита, ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани сифати таълим тадбирҳои судманд ба роҳ монда шудаанд. Илова гашт, ки дар донишгоҳ тибқи Квотаи президентӣ 874 нафар, аз онҳо 515 нафар духтарон дар шуъбаи рӯзона ва 6 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, ва ҳамзамон 7 гирандаи стипендияи президентӣ, 22 стипендияи раиси вилоят, 6 нафар стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд ва 3054 стипендияи донишгоҳӣ таҳсил мекунанд.

Ҷамшед Ҷӯразода дар идома аз дастовардҳои илмиву варзишии устодону донишҷӯён, густариши робитаҳо бо макотиби олии кишвар ва хориҷ, фазои иттилоотӣ ва навгониҳои дигари самти фаъолияти донишгоҳ ҳарф зада, бо ифтихор баён кард, ки беҳтарин кадрҳои омӯзгориву ғайриомӯзгорӣ,илмивуфарҳангӣвасамтҳои мухталифи идоракуриву давлатӣхатмкардаиҳамин махзани илму маърифат, яъне Донишгоҳи давалтии Хуҷанд мебошанд.

Баъдан хатмкунандагону устодони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят бо ҳамроҳиии роҳбарияти донишгоҳ аз лаборатория, музей, синфхонаҳои таълимӣ, гербарий ва маркази тестӣ, боздид намуда, бо вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту иқтидори донишгоҳ шинос гаштанд. Ҳамчунин, беш аз 2000 нафар хатмкуанда дар озмуни “Хатмкунандагони болаёқат”, семинар-машварат ва дарсҳои кушоди устодон фаъолона ширкат карданд.

Дар идома, иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои Рӯзи дарҳои кушод ва ғолибони озмуни “Хатмкунандагони болаёқат” бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Пас аз он, барномаи фарҳангӣ-мусиқавӣ аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни факултети санъат манзури ҳозирин гашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ