​Ободкорӣ дар факултети таърих ва ҳуқуқ

Дар факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани рӯйдоди муҳими таърихӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ вусъат дорад.

Бо дастгирии ректори донишгоҳ даромадгоҳи асосии бинои факултет бомпӯш гардида, бо панҷараҳои нақшин оро дода шудаанд.

Толори варзишии факултет аз таъмирихушсифат бароварда шуда, ҷиҳати тамрину машқҳои варзишии донишҷӯён имкониятҳои мусоид фароҳам шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин толори варзишӣ дар як баст аз 20 то 40 нафар метавонанд ба машқу тамрин машғул шаванд.

Дар доираи корҳои ободонӣ маҷлисгоҳи факултет бо 200 ҷойи нишаст пурра таъмир шудааст, ки ҳамакнун мавриди истифода қарор дошта, барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ низ мусоид аст.

Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии донишҷӯён дар долонҳои факултет акси қаҳрамонони миллат, рамзҳои миллӣ, муқаддасоти давлатӣ ва корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат насб гардидаанд, ки ба намои факултет ҳусни бештар эҳдо намудаанд.

Бахтиёр Сайдалиев,

аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ