Изҳорот: Рафтори номатлуб – доғи ҷомеа

Одамият агар ки беадаб аст, одам нест,

Пас фарқбайни одаму ҳайвон адаб аст.

Инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунанд.

Оре, инсон бузургтарин насли бошуурест, ки маҳз тавассути ақлу хирад, илму маданият, фарҳангу адаби худ аз дигар офаридаҳои Офаридгори бузург тафовут дорад. Инсон-фардиятест, ки дорои ақлу заковати бузург буда, мебинад, мешунавад, дарк мекунад ва ҳамаи дидаву шунидаҳояшро бо ёрии ақлу идрок натиҷагирӣ намуда, худро аз бадию ноҷӯриҳо дар канор мегирад. Кору кирдори ношоиста, амали номатлуб касро аз роҳи дурусти ҳаёт гардонда, ӯро рӯ ба табоҳиву заволӣ меорад. Зеро шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бурургаш ӯро ба роҳи росту самарабахш раҳнамо месозад.

Оре, дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб кулфату дардва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Донишомӯзӣ рисолати бузурги инсонист. Касе,ки ин рисолатро ба ҷо намеорад, дар шумори одамиён буда наметавонад ва бевосита дар таънаву матомати атрофиён мемонад. Оқибатҳои рафтори бади инсонӣ ба бадномии аҳли ҷомеа оварда мерасонад.

Ҷавононро зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаи Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Бо меҳнати фидокорона номи миллати худро чун кӯҳҳои баланди Помир баланд бардоранд ва дар оянда баҳри ободии ватани азизамон Тоҷикистон ҳамчун банамояндагони нексиришти кишвар гарданд.

Шарипова М.М., Мадаминова Н.Т., Қурбонова Ш.Х., Якубова Э.Н.-устодони

кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ