​9 ҷойи ифтихории донишгоҳ дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

9 нафар донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Даври вилоятии озмуни мазкур давоми се рӯз, аз санаи23 то 25 –уми сентябр дар МДТ "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаëқат" дар шаҳри Бӯстонбаргузор гардид ва дар он 388 нафар довталаб аз рӯи 5 номинатсия бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Шоистаи таъкид аст, ки муҳассилини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳои озмун ғолибият ба даст оварда, ду нафар ҷойи 1, се нафар ҷойи 2 ва чор нафар ҷойи 3 – ро ишғол намуданд.

Ҷойи 1:

Абдуқодирзода Фараҳноз, донишҷӯи соли сеюми факултети психиология ва таҳсилоти томактабӣ

Хосияти Шаҳобиддин, докторанти соли аввали факултети филологияи тоҷик

Ҷойи 2:

Саидов Исмоил, докторанти соли дуюми факултети филологияи тоҷик

Муллобоева Зебохон, магистранти соли якуми факултети филологияи тоҷик

Имориддинов Сарфарозиддин, магистранти соли аввали факултети филологияи тоҷик

Ҷойи 3:

Ашӯров Ҷавоҳир, донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи тоҷик

Шодмонзода Покиза, донишҷӯи соли дуюми факултети филологияи тоҷик

Тухтарова Назира, донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи рус

Олимова Шоира, докторанти соли сеюми факултети филологияи тоҷик

Ҳамзамон, тибқи қарори протоколи ҷамъбасти бахшҳо се нафар донишҷӯёни дигари донишгоҳ, ки маҳорати баланд нишон доданд, бо тавсияи аъзои ҳакамон ба тариқи истисно ҷиҳати иштирок ба даври ҷумҳуриявии озмун, ки тибқи Низомнома моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор мегардад, пешниҳод шуданд:

Мирзоева Ҳакима, донишҷӯи соли чоруми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус

Амакова Малоҳат, донишҷӯи соли сеюми факултети забонҳои хориҷӣ

Камолова Малика, донишҷӯи соли чоруми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус

Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ғолибони ҷойи 1 - диплом ва 8 ҳазор сомонӣ, ҷойи 2 - диплом ва 6 ҳазор сомонӣ ва ҷойи 3 - диплом ва 4 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ