​Вусъати корҳои тарғиботӣ ҷиҳати омодагӣ ба Интихобот

Дар толори раёсати МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба номи Бобоҷон Ғафурови назди маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот Сатториён Матлуба Амонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Файзизода Исмоил Назрӣ, Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ифодаи олии ҳокимияти халқ дар тамоми дунё, аз он ҷумла дар Тоҷикистон интихобот ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз тавассути интихоб мардум Президенти худро ҳамчун сарвари давлати хеш интихоб мекунанд.

Гуфта шуд, ки интихоби номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойдории давлатдории миллӣ ва таҳкими аркони он, ноил гардидан ба пешрафтҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, тақвияти асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард мусоидат хоҳад кард.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода, Раиси КИИ ҲХДТ ба номи Бобоҷон Ғафурови назди маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд, шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба маъракаи муҳими сиёсӣ - Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Номбурда зикр дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон воқеан чеҳраи маъруфи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ ва сиёсатмадори барҷастаи даврони нав буда, дорои ҷасорат, далерӣ, матонат, фидокорӣ, устуворӣ дар масъалаҳои калидӣ ва усулии (принсипиалии) давлатдорӣ ҳастанд, ки ин хислатҳо ва сифатҳо маҳсули зода, парвардаи шахсияти иҷтимоӣ ё фардӣ шуда метавонад.

“Интихоби дуруст омили шукуфоии Ватани азизи мо Тоҷикистон, таъмини сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо хоҳад буд” – афзуд Ҷамшед Ҷӯразода.

Ҳамзамон, барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди тавзеҳ қарор дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ