​Баргузории мафҳили китобхонӣ таҳти унвони “Китоб – сарчашмаи маърифат"

Санаи 17-сентябри соли 2020 дар толори калони раёсати Муассисаи давлатии таълимии ”Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мафҳили китобхонӣ таҳти унвони “Китоб –сарчашмаи маърифат” бо иштироки аъзоёни гурӯҳи тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” баргузор гардид.

Сараввал мудири шуъбаи ҷавонони донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов маҳфилро ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар атрофи мавзӯи доғи рӯз қоидаҳои беҳдошти санитарӣ суханронӣ карданд.

Дар қисми дуввуми чорабинӣ, аз тарафи аъзоёни маҳфил Далер Умаров, Шодибек Холов ва Гулрухсор Қосимова қиссаҳои китобро баррасӣ ва муҳокима кардаанд. Мавриди тазаккур аст, ки“Қиссаҳо аз маснавии маънавӣ” ё худ “Маснавии маънавӣ” сар то по асари панду ахлоқӣ буда, инсонро ба якдилӣ, ҳамрайъӣ, муттаҳидӣ ва дӯстӣ ҳидоят мекунад.

Қайд гардид, ки аз азал мардуми тамаддунофари тоҷикро ҳамчун китобхону китобдор мешинохтанду мешиносанд. Мардум дар радифи Модар ва Ватан, китобро муқаддас мешуморанд.

Қобили зикр аст, ки моҳе як маротиба дар маҳфил китобё асаре мавриди мутолеаи аъзоёни гурӯҳ баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ