​Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек аст мароми тоҷикон

Қабл аз он, ки мо дар бораи ҳодисаҳое, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба вуҷуд омадаанд сухан ронем мо дар бораи таърихи на он қадар дури ин халқҳо назар меронем. Ҳам тоҷику ҳам қирғиз ба монанди ду бародарон зиндагонии дӯстона меронданд ва дар ҳамаи ҳолатҳо дастгири якдигар буданд ҳатто тӯю маракаҳои худро бе якдигар тасаввур намекарданд.

Имрӯз аҳолии назди сарҳадии Қирғизистон ва посбонҳои сарҳадии онҳо бо ҳар баҳонае бааҳолии осоиштаи назди сарҳадии мо ҳамлаҳо доранд магар ин аз рӯи ҳақиқат аст? . Барои тасдиқи суханҳои болои як чанд ҳодисаҳои моҳи январи соли 2020-ро ба ёд меорем.

Дар санаи 8 январи соли 2020 сокинони маҳаллаи Кӯктоши ноҳияи Боткон хонаи истиқоматии дар боғаш даҳсолаҳо қабл бунёдкардаи истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Нарзулло Абдуллоевро оташ заданд.

Дар санаи 9 январи соли 2020 соати 21:20 шаҳрвандони Қирғизистон бидуни сабабе ба мошини сабукрави шахсии шаҳрванди Тоҷикистон истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Зафар Аъзамовро мавриди сангборон қарор доданд ва тамоми шишаҳои онро шикастанд.

Дар шаби 9-ум ба 10-январи соли 2020 тахминан аз соатҳои 2 :00 то 2:30 дар марз тирпаронӣ ба ҳаво аз ҷониби шаҳрвандон ва низомиёни қирғиз сурат гирифт, ки мувофиқи маълумоти расида ба истифода аз яроқи шикорӣ ва автомати Калашниковтпаронида шуданд.

Гуфтан ба маврид аст, киамалҳои иғвогаронаи посбонҳои қирғиз ва шаҳрвандони онҳо дар соли2019 низ як чанд бор ба вуқӯъ омада буданд.

Онҳо чиро мехоҳанд?Магар онҳо хонаву дар ва ё зану фарзанд надоранд? магарнамедонанд, ки мо бо онҳо дӯст ҳастем на оне, ки душман. Охир тамоми муносибату пешравиҳои давлатҳои ҳамсоя дар асоси сулҳ, якдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ ба роҳ монда мешавад. Бисёр маҳсулотҳои онҳоро мо харидорӣ менамоем. Ман ба он Худобехабарон муроҷиат карда гуфтаниям: “Ҳой мардум чашм кушоед, Шумо чӣ кор мекунед? Андеша кунед? Аз рӯи одамгарӣ амал намоед, хуни ноҳақро нарезед” чуноне, ки шоир мегӯяд:

Маёзор мӯреро, ки донакаш аст,

Ки ҷон дораду, ҷони ширин хуш аст.

Мазан бар сар натвон дасти зӯр,

Ки рӯзебиафти ба пояш чу мӯр!

Сиёсатиимрӯзаи Тоҷикистон тарафдори оромиву осоиштагист ва мо умед ба он мебандем, ки шаҳрвандон ва посбонони қирғиз хатои кардаи худро дарк мекунанд ва дигар ба ин амалҳои нодуруст даст намезананд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ