Паймони миллӣ паймони террористони фурухташуда аст

Ташкилоти террористии ба номи Паймони миллӣ имрӯз боз дар сомонаҳои интернет фаъол шуданд. "Худо ба онҳо дод". Ҳар мушкилие, ки ба сари инсоният дар ҷаҳон наояд барои онҳо як маъракаи тӯй мегардад. Онҳо хурсанд мешаванд, ки боз бозори ҳангомаашон гарм мешавад ва онро аз лутфи Худои мутаол медонанд. В-агарна аз ин хӯрдану хоб рафтани онҳо хоҷагонашон низ вазнинӣ меорад. Зеро онҳо кор карда худашонро нишон доданашон даркор аст. Аз ин ҷиҳат, гап ёфта, як айби халқи тоҷикро кофта, онро ҳамчун байрақ ба назди маблағгузоронашон бурданашон даркор аст, ки то маош диҳанд.

Канӣ виҷдону канӣ ғурури одамӣ ва канӣ мусалмонӣ? Вой бар Шумо. Дигар худро тоҷик нагиред. Нони мардуми тоҷик ба Шумо ҳаром аст. Бо кадом рӯ аз интернет чанд гапро баҳона карда худро ба намоиш мегузоред. Ин ҳарфҳои пучу бемағзи шумо на ин ки ба мардуми тоҷик балки ба инсоният ягон фоида оварда наметавонад. Агар чунин бемулоҳизаҳо гапашон асоси илмӣ медошт, ин қадар вируси ҷонкоҳ дар ҷаҳон паҳн намегардид. Шумо ин гапҳоро дар кадом кӯчаҳои Аврупо аз забони кадом шаҳрванди Аврупоӣ шунидаед ва аз баски забонро дуруст намедонед, онро нодуруст ба манфиати худ шарҳу тафсир кардаед. Мо халқи тоҷик чуни ҳарфҳои шуморо бисёр шунидаем ва аҳмият ҳам намедиҳем ва мегӯем, ки дар кӯча кадом саги бегона аккос дорад ва тамом.

Солибоев Ҳ. – дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ