Изҳорот: Муҳаммад Тағоев бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад!

Маълум гашт, ки блогер ва фаъоли сиёсии тоҷик Муҳаммад Тағоев дар шаҳри Алматои Қазоқистон санаи 4-уми марти соли 2020 бо моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Даъвати оммавӣ барои маҷбуран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ" дастгир шудааст.

Муҳаммад Тағоев дар интернет, асосан дар шабакаи Фейсбук, аз сиёсатҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон интиқод мекард. Ӯ аз ҷумла мухолифини тоҷикро ба таҳрими интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми март даъват карда буд

Муҳаммад Тағоев бо дархости мақомоти Тоҷикистон ва бо иттиҳоми ифротгароӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Моҳи январи соли 2019 Муҳаммад Тағоеви 36-сола дар Русия дастгир ва дертар раҳо шуда буд.

Чунин омилҳои хатарнок ба амнияти миллии тамоми давлатҳои соҳибистиқлол таҳдид менамоянд. Бинобар он, бартараф кардани онҳо ҳамкориву мушорикати фаъолонаи ҳамаи кишварҳоро тақозо менамояд. Яке аз чунин омилҳо-зуҳуроти номатлуби ифротгаройӣ дар ҷомеа мебошад. Чуноне ки маълум аст, зуҳуроти ифротгароӣ барои фарҳанги милливу динии аҳолии муқимии Тоҷикистон, ки аксаран пайрави мазҳаби таҳаммулпарвари ҳанафӣ мебошанд, тамоман бегона ва ноошно мебошад. Моҳияти ғояи ифротгароии динӣ чунин аст, ки он мафҳумҳо ва арзишҳои диниро аз мафҳумҳо ва арзишҳоми милливу умумибашарӣ ҷудо намуда, онҳоро бо ҳам муқобил мегузорад. Дар натиҷа ин зуҳурот боиси густариши терроризм ва радикализми динӣ дар байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун гардида, зимнан, дар ҳар як кишвари соҳибистиқололу миллӣ монеи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ мегардад.

Чӣ тавре ки гуфтем, зуҳуроти ифротгароӣ бо асли дини мубини ислом бегона мебошад. Мутаассифона, бархе ашхос ва гурӯҳҳои сиёсӣ зери ниқоби ислом баромад карда, баҳри амали кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи ҷавононро заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва ҷавононро ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд. Ифротгароиву хурофотпарастӣ солҳои охир дар ҷомеа махсусан дар байни насли ҷавон ба як бемории сирояткунандае табдил ёфтааст ва бояд дар табобати он тамоми равшанфикрони ҷомеа кӯшиши ба харҷ диҳанд.

Дар ин сурат ҷавононро лозим меояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро ифротгароӣ ва тундгароӣ сарчашмаи чаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Ҳоло дар ҷаҳони пуртазод шумораи зиёди ташкилотҳои терророристӣ ба қайд гирифта шуда, ҳарсола дар ҳодисаҳои терористӣ ва умуман бо иштироки онҳо ҳазорон нафар гирифтори марг мегарданд. Омили асосии сирояти ғояи ифротгароӣ ба зеҳну шуури бархе аз ҷавонони тоҷик — намояндагони равияҳои ваҳҳобия, салафия, ва ҳизбуттаҳрир мебошанд. Ин ташкилотҳо, ки фаъолияти онҳо тибқи қонун дар қаламрави кишвари мо мамнӯъ мебошад, то имрӯз бо ҳар гуна роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ пинҳону ошкоро дар байни ҷавонон ба тарғибу ташвиқ машғуланд, ки ин амали онҳо ба амнияти шаҳрвандон халали ҷиддӣ ворид менамояд.

Вокуниши омӯзгорони кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ