​Озмун: “Ман китобро дӯст медорам”

Садорати китобхонаи марказии донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти донишҷӯён ва бедор намудани завқи китобдӯстии ҷавонон бахшида ба рӯзи байналмилалии тақдими китоб, ки ҳамасола 14-уми феврал таҷлил мегардад, таҳти унвони “Ман китобро дӯст медорам” озмун эълон менамояд. Тамоми донишҷӯёни донишгоҳ новобаста аз курс ва шакли таҳсил метавонанд дар озмуни мазкур иштирок намуда, перомуни мавзӯи фавқуззикр эссеро ба қабулгоҳи китобхонаи марказии донишгоҳ пешниҳод намоянд.

Муҳлат то санаи 12- уми феврали соли 2020.
Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд.
Мехоҳӣ, муҳаббататро ба китоб иброз намоӣ? Пас, ин имконият барои туст! Дар озмун иштирок намо. Аз ту эссе аз мо туҳфа.

Барои маълумоти иловагӣ ба садорати китобхонаи марказии донишгоҳ муроҷиат намоед!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ