​Абармарди оқилу ғамхори табиат

Ҷомеаи инсонӣ баҳри пешбурди фаъолияти ҳаётаии худ ҳамарӯза ба ғизои моддӣ ниёз дорад. Тавлиду ташаккули ғизо бо истифодаи захираҳои табии сайёраи Замин амалӣ мегардад, ки манбаи коҳиш ёфтани низ шуда метавонад. Бинобар ин, тамоми давраҳои таърихии рушди ҷомеа давлатдорон ҳамеша кӯшиш менамуданд, ки дар навбати аввал масъалаи таъмини аҳолии мамлакаташон бо хӯрокаю пӯшока мавриди ҳаллу фасл қарор гирифта бошад. Рисолати азалии сарварони давлат таъмини аҳолӣ бо ғизо бошад ҳам, аксаран муносибат ба манбаи ғизо – муҳити табиӣ ғайриоқилона буд ва боиси харобшавии захираҳои табиӣ мегардид. Чунин вазъият вобаста ба фитрату фарҳанги сарварони ҷомеа сатҳҳои мухталифро доро буд ваон то ҳол идома ёфта истодааст.

Дар радифи андешаҳои зикргардида амалҳои шоистаи таҳсину талқини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонқобили пайравӣ мебошад. Зеро, маҳз Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаю оқилонаи худ тавонистанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи истеҳсоли маводи хӯрока боло раваду амнияти озуқавории мамлакат таъмин гардад. Таъкиду дастур ва супоришҳои Ҷаноби Олӣ ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар ваҷаби замин, гирифтани3 – 4 ҳосили зироатҳо дар як сол, захира намудани маҳсулотҳои хӯрока дар анбори оилавӣ ва пешгирии талафи маҳсулоти кишоварзӣ нишонаи олии таваҷҷӯҳ ва ғамхории падаронаи он кас ба ҳамватанон мебошад. Дар такя ба маълумотҳои боъэтимоди ҷаҳонӣ ва таҷрибаи бойи ҳаётӣПешвои муаззами миллатисбот намудаанд, ки метавонанд ояндаи дури рушди ҷомеаро дида баҳри пешгирии монеаҳою муаммоҳои эҳтимолӣ чораандешӣ намоянд. Натиҷаи чунин истеъдоди фавқуллодаи роҳбарӣ ва хислати оқилию ғамхоронаи Пешвои муаззами миллатро дар фаровонии маҳсулоти ғизоӣ дар нуктаҳои фурӯш, сулҳу субот ва оромии кишвар, таваҷҷӯҳи хоса ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, замин ва ғайраи табиӣ аён гардидааст. Хусусан, таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон шаҳодати оқилу одил, ғамхору дилсӯзи падаронаашон мебошад, ки ба беҳбудии рӯзгори аъзои ҷомеа равона гардидааст.

Муносибати ғамхоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди боорияту ватандӯстро вазифадор менамояд, ки сиёсати оқилонаю одилонаи давлатдориро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда дар пайравии он бо истифода аз шароити мусоид ҷиҳати захира намудани маҳсулоти хӯрока эътибор диҳем. Захираҳои мавҷудаи обу замини кишвари офтобиамонро самараноктар истифода намуда барои рушди минбаъдаи Ватани маҳбуб – Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошем.

Собиров М.С. - мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ