​Истиқлолият - омили ширинии зиндагӣ ва сабзидани орзуҳо

Таҳти унвони "Истиқлолият - омили ширинии зиндагӣ ва сабзидани орзуҳо" дар факултети забонҳои хориҷӣ бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ бо иштироки садорати факултет ва омӯзгорон дарси кушоди тарбиявӣ гузаронида шуд.


Бо садо додани суруди миллӣ дарс оғоз гардида, дар идома донишҷӯёни гурӯҳи 201 дар васфи Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шеър қироат карданд.


Ҳамзамон, перомуни таърихи давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба истиқлолияти давлатӣ бо истифода аз воситаҳои техникӣ ва аёниятҳо маълумот пешниҳод гардид.


Бо иҷрои суруди “Қасам ба номат, эй ватан” аз ҷониби донишҷӯён дарси кушоди тарбиявӣ ба итмом расид.