​Ҷаласаи раёсат: 11 факултети донишгоҳ бо системаи гармидиҳӣ таъмин мешаванд

Ҷамшед Ҷӯразода, ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” зимни ҷаласаи раёсат ба масъулин дастур дод, ки тамоми утоқҳои корӣ, синфхонаҳои таълимии донишгоҳ ва факултетҳои соҳили тарафи чап ба системаи гармидиҳӣ пайваст шуда, ҷиҳати таъмини шароити мусоиди таҳсил дар фасли зимистон ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тадбирҳои амалӣ андешида шавад.

Дастур дода шуд, ки техникаи бехатарӣ дар биноҳои таълимӣ мавриди назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, назорати доимии ҳарорат дар биноҳои таълимӣ таъмин шавад. Ҷиҳати оинабандии факултетҳои филологияи тоҷик, таърих ва ҳуқуқ, филологияи рус ва геоэкология масъулин муваззаф гардиданд.

Ҷаласаи навбатии раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода доир гардида, мувофиқи рӯзномаи он шаш масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Оид ба натиҷаи фаъолияти комиссияи экспертии назди раёсати таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сардори раёсати таълим Сабуров Муҳиддин, доир ба натиҷаи ҷамъбасти пурсиши афкор дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён дар соли таҳсили 2019-2020 мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Маҳмадшоев Маҳмадшо гузориш доданд.

Ректори донишгоҳ масъулини сохторҳои раёсат ва садорати факултетҳоро ҷиҳати баланд бардоштани фаъолияти раванди таълимӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва тарбиявӣ муваззаф намуда, дастур дод, ки дархосту пешниҳодоти устодону донишҷӯён, ки зимни пурсиши афкор ироа шудааст, мавриди таҳлил қарор дода шуда, ба инобат гирифта шавад.

Аз рӯйи масъалаи "Натиҷаи ҷамъбасти сессияи тобистонаи шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона) ва триместри сессияи тобистонаи шуъбаи рӯзонаи факултетҳои донишгоҳ дар соли таҳсили 2019-2020" сардори маркази бақайдгирӣ ва машварат Дадобоева Нодирахонгузориш пешниҳод намуд.

Номбурда иттилоъ дод, ки дар асоси супориши ректори донишгоҳ бо назардошти шароити вобаста ба пандемия ҷиҳати дастгирии донишҷӯёни қарзи академӣ дошта ва аз пардохти маблағи кредит озод намудани онҳо имтиҳонҳои такрорӣ дар худи факултетҳо сурат гирифта, натиҷаи он ба Маркази тестии донишгоҳ ирсол карда шудааст. Тамоми феҳрасти имтиҳонҳои эҷодӣ, хаттӣ ва шифоҳӣ ба Маркази тестии донишгоҳ ирсол гардида, масъулон натиҷаҳоро ба системаи маълумот сари вақт ворид намудаанд.

Мувофиқи натиҷаи ҷамъбасти сессияи тобистонаи шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ дар соли таҳсили 2019-2020 сатҳи донишазхудкунӣ 98% - ро ташкил дод.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба масъулини шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ҷиҳати ташкил ва ба роҳ мондани вебинарҳои таълимӣ (дарсҳои мустақими устодони фаннӣ), системаҳои тестии интеллектуалии компютерӣ вазифагузорӣ намуд.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ба кори ҷаласаи раёсат анҷом бахшида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ