Чанд пешниҳоди муғризонаи паймони террористӣ

Бо истифода аз вазъи сироятёбии коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон як гуруҳи ҳангомахоҳони хориҷӣ боз мардумро мисли пештара ба ваҳму воҳима андохтанӣ шудаанд.

Пешниҳодҳое, ки аз ҷониби ин ташкилоти гуруҳҳои террористӣ ба ҳукумати мамлакат манзур шудааст, касро ба ханда меоварад. Зеро чунин суол пайдо мешавад, ки террорист оё метавонад дусти инсоният бошад? Оё тероррист, ки пинҳонӣ ба террори инсоният машғул аст, саводи кофӣ дорад? Вазъи имрӯзаи ҷаҳонро оё террористон муайян мекунанд? Албатта ба ин саволҳо бояд худи онҳо посух диҳанд. Чанд ҷумларо аз матбуоти хориҷӣ рӯбардор карда, онро ба гардани халқи тоҷик бор накунанд.

Мардуми тоҷик дигар бесоҳиб нест. Ҳукумати мамлакат барои ҳар гуна ҳодисаҳо омода аст, бо ҷалби мутахассисони соҳа онро таҳлил карда, ҷиҳати пешгирии он тадбирҳои мушаххас андешад.

Мо дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи миёна аз аввалин кишварҳое ба шумор меравем, ки ҷиҳати пешгирии ин балои осмонӣ кооро ҷоннок кардаем ва натиҷааш ҳамин аст, ки то имрӯз ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст ва Худо онро ба мамлакати мо наоварад ва мардлумро худаш ҳифз кунад.

Вақтеҳодиса худаш сар зад, шумо рғбоҳони фурӯхташуда аз дастатон ягон кор намеояд ва ин пешниҳодҳои Шумо низ ба дарди мардум намехӯрад.

Шумо ғами худро хуред,ки дар ғарибӣ намуред, ин баоли осмонӣ дар кишварҳои Аврупо шуморо суроҳ дорад. Зеро дасти Шумо хунолуд аст.

Ҳамин қадами шуми шумо ҳатто Аврупоиёнро низ ба бало гирифтор кард.

Шумо тавба кунед ва дар назди мардуми тоҷик ва Аврупо узр пурсед то ин бало аз сари мардуми бегуноҳ дур шавад.

Бойматов Сайфулло – мудири кафедраи умумидонишгоҳои психологияи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ