Мудҳиштарин падидаи асри XXI

Мудҳиштарин падидае, ки бо он башарият дар ибтидои асри XXI рў ба рў шуд терроризм ва экстремизм мебошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки чунин ҳодисаҳои номатлуб дар замони гузашта вучуд надошт. Зеро зуҳуроти чунин равандҳоро мо дар давраҳои гуногуни таърихӣ мушоҳида кардаем, вале дар хусуси кай ва дар кучо бори аввал ташкил шудани он ягон маълумоти дақиқе дар даст надорем. Дар замони муосир экстремизм, радикализм ва терроризм ҳамчун муаммои умумибашарии хатари аввалиндарача дошта ба амнияти давлатӣ, осоиштагии ичтимоӣ ва иқтисодиёти бозоргонӣ шинохта шудааст. Аз глобалишавии чунин падидаҳои ба ахлоқи ѓайриинсонӣ шабеҳ, мутаассифона, мардуми точик низ эмин нест.

Точикистони чавону соҳибихтиёри мо дар солҳои аввали истиқлолияташ бо чанги таҳмилии шаҳрвандӣ дучор гардид ва ин мушкилоти таҳдид ба талафоти чонӣ доштаро бо душвориҳои зиёд ва гуфтушунидҳои дуру дароз паси сар кард. Ин чо албатта сиёсати ботадбиронаи сарвари мамлакатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро низ бояд зикр кард, зеро ваҳдати мо бо осонӣ ба даст наомадааст. Додани 30 %-и курсиҳои ҳукуматӣ ба ҳайати мухолифин далели гуфтаҳои болост. Хуллас, мардуми точик, ки чунин ваҳшониятҳоро бо чашми худ дидаву, модарони точик то пойдории сулҳ ашки хунин рехтаанд, намехоҳанд ин гуна рўзҳоро дубора паси сар кунанд.Аммо вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарони тоҷикистонӣ низ ба назар мерасад, ки ин дарди ҷонсӯзи миллатудавлат аст.

Имрӯзҳо шахсони махсус таълимгирифтаи гурўҳҳои террористӣ дар тасаввуроти ҷавонони мо таълимотҳои исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи радикализм ва эктремизм ҷалб менамоянд.Ба чунин гурўҳҳо шомил будани ҲНИ ва фирефтаи ҳар гуна ташкилотҳои ифротгаро кардани ҷавонони тоҷик аз чониби бархе аз аъзоёни онҳо аз амали ботадбирона ва сарвақтии Суди олии Љумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, ҳеҷ гоҳ моҳияти динро инъикос карда наметавонад. Ҳар гуна дин, бахусус дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Террорист, кишахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст. Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд. Аз номи ислом баромад кардани ҳар гуна гурўҳҳои ифротгаро пеш аз ҳама ҳадафи бадномкунии ҳамон динро дорад.

Ҳамин тариқ, чиҳати пешгирии фаъолияти гурўҳҳои ифротгаро, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар сарзамини биҳиштосоямон равобити оила, мактаб, муассисаҳои таълимии касбии сатҳи гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти тарбия ва назорат чоннок карда шуда, тавассути васоити ахбори омма оқибатҳо ва зарари терроризму экстремизм бояд васеъ таҳлил карда, дастраси мардум гарданд.

Дар роҳи тарбияи шахсияти ватандўст, масъулиятнок, таҳаммулпазир, ташкаккули шуури иҷтимимоӣ бояд тамоми сохторҳои чамъиятиву давлати ҳамкорӣ намуда, мизҳои мудаввар, конфронсҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ, тадбирҳои пешгирикунанда амалӣ намоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ