Изҳорот оид ба дастгир намудани Муҳаммад Тағоев

Чанде пеш дар Ҷумҳурии Қазоқистон, як блогери тоҷик, бо номи Муҳаммад Тағоев, аз сӯи ниҳодҳои амниятии ин давлати ҳамҷавору дӯст дастгир шудааст. Ин гуна шахсон дар хориҷ аз кишвар бо ҳар роҳу васила зиндагӣ намуда, худро ғамхору дилсӯзи ватан ҳисобида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фазои орому осудаи мамлакати азизамонро ба чолиш мекашанд. Аҷибаш он аст, ки ин гуна хиёнатпешагон худро ба мардум ҳамчун блогер шинос намуда, асосан ба боварии ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ даромада, ба онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна ахбори дурӯғу носаҳеҳро мерасонанд.

Аз ин лиҳоз бо ин “хизмати хирсонаашон” онҳо миёни мардум тафриқаандозӣ намуда, миёни ҷавонон тухми кинаву адоватро мекоранд. Лекин шаҳрвандони соҳибтамаддун ва оқилу хирадманду дурандеши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин дасисаву тӯҳматҳо дода нашуда, шукрона аз он доранд, ки дар фазои оромиву осоиштагӣ умр ба сар мебаранд ва аз неъматҳои истиқлолият бархӯрдоранд. Мардуми тоҷик, ки ваҳшоният ва даҳшати ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, дигар ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, ки он рӯзҳои мудҳиш такроран ояд ва намехоҳанд, ки ин гуна рӯзҳои фоҷиаовар ба сари ба ягон халқи дунё ояд. Халқи бофарҳанг ва сулҳдӯсти тоҷик имрӯз азобу машаққати халқи афғону сурия, ироқу ливияро дида, бо онҳо ҳамдард аст ва ҳамеша дуогӯи он аст, ки ин кишварҳои азиятдида низ ҳарчи бештар ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ расанд.

Аз ин рӯ мо омӯзгорони кафедра амалҳои зишт ва нифоқангези ин гуна блогерҳо ва фаъолҳои сомонаҳои интернетӣ, ки моро ба тафриқаандозӣ ва ифротгароӣ ҳидоят менамоянд, маҳкум намуда, хоҳони ҷазои ҳар чӣ зудтари онҳо мебошанд.

Заҳурзод Муллораҳматулло омӯзгори кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ