Ватанро ба душман наспарем

Воизон к-он ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд з – он кори дигар мекунанд.

Санаи 4 март дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Муҳаммад Тағоевро боздошт намуданд. Муҳаммад Тағоев мунаққиди ашаддии ҳокимияти Тоҷикистон мебошад. Муҳаммад Тағоевро дар асоси моддаи “Даъвати ошкорро ба табаддуллоти зӯроварии сохти конститутсионӣ” кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор менамоянд. Албатта, бешаку шубҳа ин даъвати Муҳаммад Тағоев хиёнат ба Ватан аст. Зеро алҳол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол фазои сулҳу оромӣ, создандагию бунёдгорӣ ҳукмрон аст. Мо омӯзгорон аз ин ифтихор дорем, ки дар чунин кишвари обод, озод зисту зиндагӣ менамоем ва фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии хешро барои боз ҳам обод намудани Ватани худамон равона хоҳем намуд.

Мо ваъдаи қавӣ медиҳем, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва умумибашарӣ ҳамаҷониба тарбия хоҳем намуд. Зеро танҳо шахси ватандӯст шахси баору номус, меҳнатдӯст барои озодӣ ва ободии Ватани худ ҷонфидоӣ карда метавонад. Маҳз чунин ашхос созандаю бунёдкор гардида метавонад. Ашхоси амсоли Муҳаммад Тағоев ҳамчун хиёнаткор, бевиҷдон, беимон, кироҳи вайронкорӣ, роҳи ҷангу ҷидолро пеш мегиранд ҳаргиз ба мақсади худ нахоҳанд расид. Зеро мақсади чунин “сиёсатмадорон” ғаразнок аст.

Бояд қайд намуд, ки дар пешгирии чунин амалҳобоядякҷоя бошем. Танҳо бо қувваи давлат, ки чораҳои махсусро пешбинӣ менамояд, мубориза бурдан бо гурўҳҳои ифротӣ кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Вазифаи ҷонии мо аз он иборат аст, ки ҳама якдилу якмаром бошем ва пайи ободиву гулгулшукуфии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузорем, худшиносу ватандўсти асил бошем.

Танҳо бо қувваи давлат, ки чораҳои махсусро пешбинӣ менамояд, мубориза бурдан кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Вазифаи ҷонии мо аз он иборат аст, ки ҳама якдилу якмаром бошем ва пайи ободиву гулгулшукуфии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузорем, худшиносу ватандўсти асил бошем. Азин рў, мо, омўзгоронро зарур аст, ки баҳри пешгирии ин падидаҳои номатлуб дар соатҳои тарбиявӣ, ҳангоми машғулиятҳои назариявию амалӣ якчанд лаҳзаи дарсро ба ин нуқта равона созем.

Мо омӯзгорон гуфтору рафтори ин гуна ашхоси хиёнатпешаро сахт маҳкум менамоем ва талаб менамоем, ки онҳо барои рафтору гуфтори худ дар назди Қонун ҷавоб диҳанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ