​Нокас кай донад қадри кас!!!

Рушди ҷомеа дар ҷаҳони муосир таҳти заминаи равандҳои мураккаб амалӣ мегардаду дар шароити ҷаҳонишавӣ аз давлатдорон ҳушёрӣ, эҳтиёткорӣ ва хусусан дурандешӣ ва дурбиниро тақозоменамояд. Дар акси ҳол зери тазъиқу фишор мутеи давлатҳои абарқудрат шудани мамлакатҳои нисбатан хурду иқтисодаш сустинкишоф аз эҳтимол дур нест. Ва дар ин ҷода ваҳдати миллӣ омили муҳими суботи кишвар мебошад, ки аз маҳорати роҳбарияти олӣ ва сиёсати хирадмандонаю одилона маншаъ мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати рӯ ба тараққӣ ниҳода эътироф шудаасту миллати соҳибтамаддуну қадимаи тоҷик ҳамчун нерӯи солими созандаи озод шинохтаи ҷаҳониён гардидааст. Чунин ҳолат бархе аз сиёҳдилони хориҷиро аз давлати ба ҳама маъмул такон додааст, ки хоҳиши мамлакати тоҷиконро ноорому ҳокимияти қонуниашро ғасб намоянд ва Тоҷикистони ободро мутеи худ гардонанд. Дар ин замина қисме аз нафарони баднафсу беномуси Тоҷикистонро маблағгузорӣ намуда онҳоро бар зидди халқи зодаю парвардааш барои дасисабозию балво, тӯҳмату ошӯбандозӣ равона созад ва ҳам дар ин самт то ба андозае муваффақ ҳам шудаанд. Зеро, аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бо сарварии Кабирии нокас ва думравони хоинаш аз ин тоифаи палидонанд. Ин ватангадоёни дур аз ҷомеа бо иғвоангезию тӯҳматбофӣ овора гашта бехабаранд, ки риштаи пайвандии онҳо бо ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон соҳибистиқлол аз оғози ватанфурӯшиашон канда шудаасту ононро тоҷикистониён чун аҷнабиёни аблаҳ мешиносанду халос!

Кабирии манфуру манҳус ва ҳаммаслакони палиду разили ӯ то ба он дараҷа сиёҳдилу бадкинаанд, ки комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки ҷаҳониён эътироф кардаанд, нодида мегиранд. Бо касофати хоинону имону виҷдонфурӯшон дар кадом сатҳи иқтисодӣ қарор доштани Тоҷикистонро аввали солҳои 90 – уми асри гузашта хуб медонанду оромиву ободии имрӯзаро дида наметавонанд. Ё ин онҳо нобинову кару ноқисулақланд? Оғози солҳои 90 – уми анвои хӯрока барои аҳолии тақрибан 5 – миллион нафараи Тоҷикистон намерасиду ҳазорон нафар бегуноҳон қурбони гуруснагию хӯрокаи ғализ мешуданд. Имрӯзҳо бошад, ҷомеаи наздик 10 миллионаи Тоҷикистон бо Ватани ободу дастурхони фаровоннеъмати худ ифтихор мекунанд.

Нокасии Кабирию думравонаш то ба он ҷоест, ки қадри заҳмати созандаи тоҷикистониён ва роҳбарияти олии кишварро намедонанд ва чунин пастфитратиашонро нобиноён номидан сазовортар аст. Раванди созандагию ободкорӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ватани азизу маҳбубамон торафт вусъат ёфта истодаасту ин пешравиҳо ба ҷасади нопоки Кабирию думравони наҳзатиёнаш чун найзаи тез халида истодаанд. Тоҷикону тоҷикистониён доимо пешоҳанги тамадунофари ҷомеаи инсонӣ буданду мемонанд ва иғвоангезию дасисабозиҳои нафратовари Кабирии манфури хоин бо думравони чоплусаш ҷазои сазовор интизор аст.

Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ