​Ҳар кас кунад бо худ кунад…

Ҳар чанд ки гузашти солҳо моро аз он рӯзи таърихӣ—қабул гардидани санади тақдирсози миллатамон –имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дур мебарад, вале аҳамияти ҳаётӣ ва қадру қимати он то рафт афзуда, дар шуури мардуми кишварамон зарурати ҳифзи оромӣ ва суботи ҷомеа, ки асос ва сарчашмаи пешрафту инкишофи ҳар давлату миллат мебошад, сол ба сол амиқтар ҷой мегирад. Имрӯз ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа возеҳ дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулҳу субот ҳукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлатии демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро таҳким бахшида бошем.

Хусусан дар шароити ҳассоси имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки торафт мураккаб шуда, авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон печида гардида, раванду тамоюлҳои гуногунҳифзи сулҳу суботи ҷомеаро халалдор месозад, моро зарур аст, ки бо истифода аззиракии сиёсиву ақлу хиради азалӣ марзу буми худро ҳифз ва хобби оромии фарзандону хотири ҷамъи модаронро пос дорем.

Воқеаҳое, ки санаҳои 08.01.2020, 09.01.2020, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, боиси сару садоҳои гуногун гардида,барои баъзе ҳангомаҷўён«дастак» гардид.Амалҳои иғвогаронае, ки бо дастгирии марзбонони Қирғизистон сурат гирифтааст, боиси нигаронии сокинони маҳаллаи Сомониён гардида, ба гуфти сокинони ин маҳал, намояндагони қӯшунҳои сарҳадӣ ва афсарони корҳои дохилии ҷумҳурии ҳамсоя ин амалҳои иғвогариро ташкилу роҳнамоӣ мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо, худи онҳо дар ин амалҳо ширкат маварзанд. Амалҳои таҳқиромез аз ҷониби ҳамсоягони мо, ки дар рӯзҳои охир бештар ба мушоҳида мерасанд, бо дастгирии сарҳадбонон вазъиятро дар минтақаҳои назди сарҳадӣ мураккабу бесубот мегардонанд ва боиси интиқоми сокинони маҳаллӣ шуда метавонанд.Одатан дар сафи қувваҳои мусаллаҳ мардоне ихтиёри хизмат мекунанд, кидар ҳақиқат марданду соҳибу ору номус ва виҷдон мебошанд. Давлату ҳукуматба онҳо либоси низомӣ ва ҳифзи сарҳадро боваркарда, онҳоро аз ҳисоби буҷаи давлат нигоҳубин мекунад, ба он хотир, ки онҳо марзу бумро мардонаворҳифз намоянду пос доштану эҳтироми давлат, таърих, маданият, фарҳанги ҳамсояро риоя намоянд. Латукўб кардани роҳгузар, вайрон кардани замини кишт, шикастани воситаҳоитехникӣ, бастани роҳ, партофтани санг, оташ задании боғу манзил ва дигар амалҳои ношоиста, магар бозии кўдакона нест? Оё шумоён дарк намесозед, ки тоҷикон мақоли хеле хубе доранд:«ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар» ва ба хотири ҳамин мақол бо шумоён риояи одоби ҳамсоягӣ доранд, ва гарна…..

Бинобар ин, аз шумоён ҷанобони либоси низомипўшиқирғизистонӣ(аз ҷумла Мирбек Султонбеков) хоҳиш ва талабдорем, ки рисолати асосии худро иҷро намоеду аз паи оромииву сулҳу суботи кишвари хеш шавед ва барои пешрафту рушду тараққии ҳамсояатон ҳасад набаред. Мард бошед, зеро фардо фарзандонатону ояндагон гуноҳи шуморо намебахшанд….

Қодирова М.А. – муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ