​Истиқлолият муҳимтарин дастовард

Истиқлолият муҳимтарин дастовард барои халқи шарафманди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ дар кишварамон заминаи воқеӣ барои обод гаштани ватанамон гузоштааст. Ҷанги шаҳрвандӣ тамоми соҳоти хоҷагии халқро хароб намуда иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамонро бо танназул рӯ ба рӯ карда буд, ҳазорон нафар гурезаву оилаҳо бесаробон монданд. Оқибати ҷангу ин бесарусомониҳо ба ҷуз фасоду ғоратгарӣ дигар ҳосиле наёвард, ки ин мақсади душманони миллати мо буд. Ҳатто меъёрҳои конститутсионӣ поймол гардида буданд ва ҷинояткорӣ ба рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Он рӯзҳои аз сари мо гузаштаро метавон ба имрӯза ҳолатҳои мамолики Шарқ ва Ҷумҳурии Украина ташбеҳ дод. Дар ин ҷангҳои бародаркушӣ ҳамеша сараввал мардум гумроҳ гардонида шуда, марзу бум хароб мегардад, сипас солҳои тулонӣ лозим аст, ки ин кишвар ба худ ояд. Маҳз дар ҷанги шаҳрвандии мо баъзе аз шаҳрвандони мо, ки ватанашонро бо пулу мол иваз карда буданд, бевиҷдонона фурӯхтанд ва барои сарзадани оташи ҷанг дар хонадони мо мусоидат намуданд. Ва ин хиёнаткоронро ҳеҷ гоҳ ҳозира ва минбаъда насли мо намебахшад.

Воқеаҳои нохуши охирин, ки дар оғози соли нав дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон ба вуқӯъ омаданд, танҷиву оромиимардумро халалдор намуда ба чандин хонавода зарари молиявию маънавӣ расонид.

Мардуми меҳнаткаши назди сарҳади тоҷикнишин ҳамеша дар ҳарос ҳастанд, ки гӯё ба хонаводаи онҳо низ сарбозони қирғиз ҳамла меоранд. Аз тарс аз чашмони кӯакону модарон пирони рӯзгордида ашк мерезад. Магар ин дуруст аст? Куҷо шуд одамгариву бародарӣ? То кай мекунад давом, ин корҳои бесомон. Ҳой мардум ба худ оед “Ҳаққи ҳамсоя ба Худо баробар аст” мегӯянд магар Шумо инро намедонед.

Қайд менамоям, ки чун мо як маротиба дар чоҳи чунин бесарусомонӣ афтода будем ва минбаъд набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем ва нагузорем, ки садои гиряе дар хонадони миллати мо ба гӯш расад. Бояд байни сокинон, алахусус ҷавонон оиди муқаддасоти миллию давлатӣкорҳои тарғиботиро фарохтар ба роҳ монд, зеро дар шароити кунунӣ тарғиби дастовардҳои даврониистиқлолиятуваҳдати миллӣ сари вақтист.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ