Паймони террористии ба номи миллӣ чӣ мехоҳад?

Боз ин дафъа ҳам Паймони террористии ба номи миллӣ, дар доираи ҳадафҳои нопоки худ дар либоси таҳлилгари сиёсии вазъи ҷаҳон барои худнамоиву ҳангомасозӣ ва инчунин пешгирӣ аз ҳодисаҳои сироятёбии мардум аз коронавирус рӯи торномаи интренет фаъол гардид. Ин домуллоҳои шайтонсифат ҳар ҳодисаҳое, ки дар сатҳи ҷаҳон ба вуқӯъ мепайванданд, аз дидгоҳи кунду танги худ мавриди таҳлил қарор дода, ба сари мардум боз як гапи ҳангомаву таҳлуаандозро меоваранд ва азберун намегузоранд, ки халқи тоҷик осуда зиндагӣ кунад.

Дар вазъияти феълӣ, ки ин балои осмонӣ тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, дар атрофи ҳамин ҳодисаҳо низ масъалаи чанд террористи зиндонӣ ҳатман дар мадди назари онҳо қарор дорад. Ин Паймони террористии ба номи миллӣ аз симои чунин нафарони ҷинояткор миллати тоҷикро мебинаду бас. Бояд қайд кард, ки ин каждумсифатон дар рӯзҳои оғозини фаъолияти хеш танҳо мардумро бо чунин таҳлукаву ваҳм тарсонида, шаҳрвандонро карахту гунг нигоҳ доданӣ мешуданд ва хушбахтона Худованд моро аз ин деву дадҳоро раҳонид ва як андоза озодӣ бахшид.

Пешниҳодҳои аблаҳонаи Паймони террористии ба номи миллӣ ғайриҳирфаӣ буда, танҳо аз рӯи ғараз ва манфиатҳои гуруҳӣ таҳия шудааст ва халқи тоҷик чунин ҳодисаҳоро борҳо аз сар гузаронидааст ва хуб медонад, ки чӣ гуна фаъолият барад.

Бубинед бо истифода аз буҳрони иқтисодии ҷаҳон ин хиёнаткорон чӣ мехоҳанд:“Ба хотири беҳтар кардани фазои сиёсиву равонии кишвар, ба хотири боло бурдани эьтимоди мардум ба ҳукумат ва нишон додани эҳтиром ба қарори муътабартарин созмони байналмиллалӣ, ки Тоҷикистон узви он мебошад, озод намудани 15 зиндонии сиёсӣ, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ озодии фаврии онҳоро талаб намудааст”. Яъне, террористони мазкурмеҳоонад, ки бо баҳона аз балои омада, чанд ҷинояткорро озо карда, ба сари халқи тоҷик дар баробари чунин ҳодисаҳои ҷонгир як балои дигареро илова кунанд ва обро лой карда моҳӣ қапанд.

Кайхусрав Каримов омӯзгори ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ