Якҷоя зидди COVID - 19 муваффақ мешавем!

Санаи 11-уми сентябри соли 2020 дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар ҷаласаи шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ масъалаи пешгирӣ намудан аз вируси сироятии COVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Исмоилов Хайёмиддин, сармутахассиси маркази иттилоот ва таҳлил Нурматов Шодмон ва мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон Маҳмудов Муталиб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаро мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки имрӯз аксари кишварҳои ҷаҳонро бемории сироятии коронавирус фаро гирифта, мардуми дунёро ба ташвиш андохтааст. Бо назардошти ин, имрӯз ҳар шахсро зарур аст, ки баҳри пешгирии беморӣ қоидаҳои беҳдошти шахсиро риоя намуда, мунтазам дастонро бо собун ва маҳлулҳои безараргардонӣ шӯяд.

Зимнан даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа минбаъд низ бояд баҳри пешгирии ин беморӣ дар байни аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон корҳои фаҳмонидадиҳиро мунтазам ба роҳ монда, роҳу усулҳои пешгирии бемориро шарҳу тавзеҳ диҳанд. Зеро ҳоло ҳам хавфи гирифторӣ ба ин беморӣ вуҷуд дошта, бетарафӣ метавонад сабаби дардмандӣ ва оқибатҳои нохуш гардад.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ