​Ҷамшед Ҷӯразода: мубориза бо терроризм масъулияти ҳар як шаҳрванд аст!

Роҳҳои муосири мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳини мулоқоти Ҷамшед Ҷӯразода, ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо устодону донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Омилҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, шеваҳои муфиди мубориза бо зуҳуротҳои номатлуб, истифодаи таҷрибаи сифатноку самараноки сатҳи байналмилал дар ин раванд аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот буд.

Ректори донишгоҳ бо таъкид ба вазъи кунунии сайёра зикр дошт, ки имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин зуҳурот ва пайомадҳои он дар канор нест.

Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм ва решакан намудани хатари ин зуҳуроти номатлуб бо ҷалби намояндагони қишри фаъолу пешбари ҷомеа як қатор тадбирҳои судмандро ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва динӣ, таҳкими зиракии сиёсӣ ва пешгирии гароиш ба ақидаи ифротӣ ва динӣ ташаббуси заруриро амалӣ менамояд.

“Фаъолияти гуруҳҳои ифротӣ моро ҳушдор медиҳад, ки корбариро дар самти мубориза бо зуҳуротҳои номатлуб тақвият бахшем ва аз усулҳои муосиру муфиди мубориза истифода барем. Дар ин вазъи ноорому хатарзои ҷаҳони муосир ва бо мақсади таъмин намудани рушду инкишофи давлату миллатамон вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, суботу оромии комили ҷомеа ва тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии кулли сокинони кишвар мебошад”- афзуд ректори донишгоҳ.

Ҳамзамон, дар мулоқот Ислом Раҳимов, декани факултети забонҳои шарқ, Собиров Мурод, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геокология, донишҷӯ Озод Раҳимов ва чанд нафар аз ҷавонон оид ба мавзӯи мавриди матраҳ ибрози назар намуданд.

Аз устодону донишҷӯён даъват гардид, ки ҷиҳати ҳимояи истиқлоли миллӣ ташаббус нишон дода, дар самти мубориза бо терроризму экстремизм фаъол бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ