​Фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Атласу адрас” гузаронида шуд

Бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Атласу адрас” баргузор гашт.

Аюбҷон Усмонов - муовини ректор оид ба корҳои тарбия чорабиниро ифтитоҳ бахшида гуфт, ки масъалаи меҳварии фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Атласу адрас” баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо мебошад.

Баъдан донишҷӯён аз рӯйи шартҳои беҳтарин либоси арӯсию домодӣ, беҳатрин либоси расмӣ ва беҳтарин либоси мардона бо истифода аз матоъҳои атласу адраси истеҳсоли ватанӣ, маводи зиннатӣ ва ашёҳои ороишӣ, аз қабили марҷону дастпона, гӯшвору сарсӯзан байни ҳам рақобат намуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибон муайян ва ба даври баъдии озмун роҳхат гирифтанд.

Хотирнишон менамоем, ки фестивал-озмуни “Атласу адрас” бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз қабили ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои атласу адрас, тарғиби сарулибоси аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи унсурҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, ғанӣ намудани ҳаёти маънавии занону бонувон роҳандозӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ