​Посух ба лофзании нохалафе...

Соли 2020 дар низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон соли маъракаҳои сиёсӣ эътироф шудааст, зеро нимсолаи аввали соли равон халқ бо райъпурсии умумихалқӣ вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб карда бошанд, 11–уми октябр Рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.

Аслан, интихобот ҳамчун маъракаи сиёсӣ, пеш аз ҳама бароинаслҳои имрӯзу ояндаи мамлакат бурдбориҳои беназир ба миён меорад.Агар ҳар як фарди комилҳуқуқ дар интихобинамуданисарвари арзандаи кишвар софдилона ва бо иродаи қавӣ овоз диҳад, пасояндаи дурахшони давлату миллатро бо роҳи ҳақиқат интихоб хоҳад кард. Ин аниқу дақиқ аст!

Вале, ҳайҳот, бархе аз нохалафони халқ, ки худро тоҷик гумоштаанду лофи номардӣ мезананд,ҳамаи ин сохтору мақомоти ҷумҳуриро дурӯғин мешуморанд, дар яке аз баромадаш Муҳаммадиқбол бонг мезанад, ки мухолиф аст ва чун саги сари роҳ аккос дорад, ки “Шарт аст ки дар Тоҷикистон ҳукумати бар пояи дурӯғу лофу газоф сохт? Раиси ҷумҳурӣ дурӯғӣ - ба кӣ даркор?”

Намефаҳмам, барои кадом ин хизматаш роҳбаре, ки халқ интихоб намудаасту барои ободии халқ ҳар нафасашро дареғ намедорад, дуруғин будааст? Ҳар ватандори асил, ки давраҳои хунборони ҷанги таҳмилиро паси сар намудааст, бо чашми сар дидаву бо қалби пурбор такя бар Пешвои муаззами худ дорад. зеро танҳо бо кӯшишҳои ҳамин Марди майдон Тоҷикистон дубора бархоставу соҳибистиқлол гардидааст.

Ана, ин наҳзатиёни лофзан бо тӯҳмату бӯҳтон ва пешниҳодҳои бемаънии худ гумон доранд, ки халқро дубора ба гумроҳи даъват карда истодаанд: “...агар ба ин пешниҳодҳои ман розӣ набошед ва гӯед, ки оппозитсионер ҳастаму барои онки Раҳмоновро бад мебинам, барои чунин гапҳо менависам, худатон як кор кунед. Ба интихобот наравед. Ҳамcояатонро ҳам гӯед ва нагузоред, ки равад. То ҷое, ки метавонед, нагузоред, ки дигарҳо ҳам раванд. Ва, сипас шаб ё фарқе надорад, пагоҳ равед участкаи интихоботӣ. Наравед ҳам майлаш...” ана ин девонагӣ! Худ намедонистагист чи гуфта истодааст... лофзании беҳудаву дигар коре не!!!!!

Такрор бошад, ҳам мегӯем лофзании беҳудаи шумоён ба саги сари роҳ шабоҳат дорад, пас аккос зада гаштан гиред...... умедворем, ки ҳар як фарди комилҳуқуқ ва бо ору нанги тоҷик ба ақоиди бардурӯғи нокасон ё худ хоинони миллат фирефта намешавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ