​Терроризм ва экстримизм – падидаҳои номатлуби ҷомеи имрӯзаи ҷаҳонӣ

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби густаришёфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун муаммои меҳварии ҳаёти башарият боиси нигаронии кишварҳо гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифта, ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

Терроризм ва ифротгароӣ бо ҷамъияти инсонӣ таърихи баробар дорад, яъне ин ҷурми инсон ҳеҷ гоҳ аз ҷамъият берун набудааст.

Мавзӯи мазкур баробари таърихи ҷамъияти инсонӣ таърих дорад. Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудаанд. Ин ҷурми тули таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст. Роҳбарони пасипардагии онҳо ҷавононро мағзшӯӣ карда, онҳоро ба сӯи марг мефиристанд. Бо ин амал номи худро ҳамчун тимсоли бадию вайронкорӣ дар саҳифаҳои таърих бо хатти сиёҳ навиштаанд.

Террористон барои эҷоди бесуботӣ, барангехтани низоъҳои миллию мазҳабӣ ва нажодӣ ҷаҳд менамоянд. Онҳо мехоҳанд бо эҷоди издиҳом бар тӯдаҳои одамон нуфуз пайдо кунанд, мувофиқ ба хости худ ба мағзҳои одамон ғояҳои муғризонаи худро шакл бахшанд. Чун террористон бо ҳар гуна роҳу васила ба рӯҳу мағзи одамон таъсир расонида мехоҳанд ба ихтиёри худ дароранд, ва ба ин васила, ба қудрати зиёде соҳиб мегарданд. Дар ҳақиқат террористон мехоҳанд дар давлатҳои алоҳида ҳукмрон шуда, ба онҳо сару сомони ба дидашон мувофиқ бахшанд. Онҳо ба кору амале даст мезананд, ки танҳо хости худашон аст. Ба он ки ҷаҳониён дар бораашон чи назаре хоҳанд дошт, аҳамият намедиҳанд. Терроризм ҷурм аст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие (холофати исломӣ) ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад. Дар натиҷаи амалҳои террористии онҳо давлатҳои ҷудогона бесубот, хароб ва ба хоки сияҳ баробар шудаанд. Табақае аз мардумро дар муқобили табақаҳои дигар, пайравони мазҳабҳои гуногунро зидди ҳам шӯронида, ҳатто давлатеро муқобили давлати дигар қарор медиҳанд.

Тибқи илми этимология ибораи терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» буда он аз ҷониби ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан амалӣ карда мешавад. Умуман маҳфуми терроризм ва экстремизм бисёр васеъ аст ва дар рисолаҳои илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон шумораи он қариб ба 100 мерасад.

Ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Моджорян мегӯяд: Терроризм – ин амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои ба ҳадафҳояшон расидан равона карда мешаванд. Дар ин ҷо қайд кардан бамаврид аст, ки дар баъзе ҳолатҳо истифодаи терроризм ва ё экстремизм, барои ба даст овардани ҳокимият низ ҷой дорад. Умуман дар бораи терроризм фикру ақидаҳо мухталифанд ва аз ҷониби таҳлилгарон ва олимони ин соҳа ба таври васеъ шарҳ дода шудаанд.

Терроризм аз рӯи хусусияташ гуногунҷабҳа буда дар давраи ҳозира дорои чунин шаклу намуд мебошад:

- таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳим, манзилгоҳҳо;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ бевосита аз ҳама даҳшатнок мебошад. Ҳангоми ба ин амал даст задан шумораи зиёди одамон ҳалоку захмӣ гардида, бехонаю ҷой ва бесаробон мемонанд. Албатта чунин амал дар байни мардум таҳлука андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотири амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон ба таклифҳои террористон ва экстремистон розӣ шаванд (ё ки қисман розӣ шаванд).

-куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии шахсони алоҳида;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ пеш аз ҳама ба он равона карда мешавад, ки ягон нафар шахсони бонуфузи идораҳои дахлдори давлатӣ (ҳукумат, ВКД, амният), намояндагони воситаҳои ахбори омма, арбобони шоистаи давлатиро аз байн бурда, ҷинояткорон бо ҳамин восита ба ҳадафҳояшон расиданӣ мешаванд. Дар ин ҷо дар хусуси содир намудани кушторҳои дархостӣ: куштори Минҳоҷ Ғуломов, Муҳаммад Осимӣ, Сайф Раҳими Афарзод дар Тоҷикистон, Индира Гандӣ, Раҷив Гандӣ (Ҳиндустон) ва ғайраҳоро мисолҳо овардан мумкин аст.

- рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ аз ҳама шакли маъмул аст ва қариб, ки дар ҳамаи давлатҳои дунё истифода бурда мешавад. Асосан рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ ва террористони алоҳида ба он равона карда мешавад, ки агар ҳукуматдорон ба ақидаҳои онҳо ё ин ки, ба пешниҳодҳои онҳо розӣ набошанд, онҳо метавонанд гаравгононро ба қатл расонанд. Даҳшатнокии ин намуди акти террористӣ аз он иборат аст, ки дар рафти амалиёти безараргардонии террористон эҳтимолияти талафёбии шумораи зиёди одамон мавҷуд мебошад.

Дасисаҳои абарқудратҳо ва дастгирии онҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ ин давлатҳоро ба чи ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд. “Баҳори Араб” тарҳи барномарезишудаи абарқудратҳо буд, ки тавассути он абарқудратҳо тақсимоти нави ҷаҳониро аз кишварҳои Араб оғоз намуданд. Дасисаҳои бозингарони ҷаҳонӣ як қатор давлатҳои араб (Сурия, Ироқ, Либия, Яман)-ро ба ҳоли табоҳе гирифтор намуданд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ кӯшиш мекунанд, ки бо роҳҳои гуногун қувваҳои нави зиёд, махсусан ҷавононро ба сафи худ ҷалб намоянд. Аммо чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, на танҳо ҷавонон, балки одамони синну сол ва касбу кори гуногун ба ин ташкилотҳо аъзо мешаванд. Ин сабабҳои гуногун дорад. Масалан, дар муносибат ба дин ташкилотҳои террористӣ– экстремистӣ аз тарзу усулҳои гуногун истифода мебаранд. Яке аз ин роҳҳо сиёсикунонии ислом мебошад.

Терроризми байналмилалӣ набояд дар чаҳорчӯбаи манфиатҳои миллии кишварҳо, балки дар сатҳи васеътари манфиатҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таъриф гардад. Ин зуҳурот ба таърихи пайдоиши ҷамъияти инсонӣ ҳамсол аст. Тӯли таърих терроризм барои ба даст овардани қудрат, барои таъмини ғаразҳои худ аз ҷониби гурӯҳҳои маҳдуди сиёсӣ, қавмӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Терроризм зуҳуроти мураккаб аст. Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Он тӯли таърих дар миёни пайравони динҳои мухталифи яҳудӣ, масеҳӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва сикҳ вуҷуд доштааст. Тафаккури мазҳабӣ иқдомоти хушунатбор дошта метавонад. Беҳуда нест, ки яке аз навъҳои терроризм- ин терроризми мазҳабист.

Таълимоти дини ислом – сулҳпарварона, инсондӯстона ва моломоли андешаҳои нек ва созанда буда, асосан барои беҳтар кардани ахлоқи ҷомеа нигаронида шудааст. Беҳуда нест, ки Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) худро омӯзгор мегуфтанд ва аз ин ифтихор мекарданд. Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ барои пиёда кардани мақсадҳои худ аз дин истифода мекунанд. Бубинед онҳо аз дин чӣ гуна сӯиистеъмол менамоянд. Агар мо як дини исломро дар назар дошта бошем, он 72 равия дорад. Аз ҳама мазҳабҳои калони он суннӣ ва шиъа мебошанд. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ миёни ин ду равияи ислом зиддият ба вуҷуд оварда, онҳоро ба ҳам ҷанг меандозанд. Бо истифода аз ин ба мафкураи шаҳрвандон самти барояшон зарурӣ мебахшанд.

Ҳанӯз ҳам миёни давлатҳои қудратманди ҷаҳонию минтақавӣ нисбат ба терроризм муносибатҳои дугона ҷой доранд. Абарқудратҳои ҷаҳонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ барои амалӣ намудани хостаҳои худ истифода менамоянд, онҳоро бо яроқу воситаҳои пулию молӣ таъмин менамоянд. Аз ин ҷиҳат дар давлатҳои гуногун ба терроризм ҳамчун зуҳурот баҳои ҳархела додаанд.

Бояд гуфт, ки абарқудратҳои дунё онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ, техникӣ ва яроқу аслиҳа дастгирӣ карданд. Мақсади ин гурӯҳ давлатҳо, ки муаллифони лоиҳаҳои террористиву экстремистӣ дар Ироқу Сурияву Афғонистон будаанд, манфиатҳои милливу давлатии худро тавассути ташкилотҳои террористиву экстремистӣ амалӣ кардан мебошад, ки он ҳам бо истифодаи сиёсикунии ислом сурат гирифта истодааст.

Ин ҷиҳати манфии раванди ҷаҳонишавӣ аст, лекин ин раванд дар умум мусбат арзёбӣ мегардад. Ин пасомадҳои манфии раванди мазкур аст. Дар асл гурӯҳҳои зиёди террористӣ ба дини ислом — ба он чизе, ки Худованд ба воситаи Қуръон ба мардум фармудааст, ҳеҷ умумияте надоранд. Дар дини ислом мақсади асосӣ- тарбия, эътиқод ва мардумро ба роҳи рост равон кардан аст.

Бояд гуфт, ки дин низ дар баробари илм, идеяҳои ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ як шакли шуури ҷамъиятӣ мебошад. Аз ин рӯ ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои ба сӯи худ кашидани мафкураи ҷавонон ва шаҳрвандони давлатҳои дигар кӯшиш мекунанд, ки аз он истифода баранд.

Мисоли равшани инро метавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарёфт. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки чӣ гуна Ҳизби наҳзати исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) барои ба даст овардани ҳокимият ташкил кардани табаддулоти ҳарбӣ ва барои ҷалби ҷавонон ба ҳайати худ дар Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде кард.

Беҳуда нест, ки 15 сентябри соли 2015 бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ ташкилоти террористию экстремистӣ эълон карда шуд. Ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай низ ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф намуданд.

Ин ҳизби террористиву экстремистӣ низ аз номи ислом баромад карда, ақидаи шаҳрвандонро ба худ ҷалб кард.

Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бо мамлакати мо ҳамсарҳад мебошад, 40 сол боз ҷанг рафта истодааст. Дар ин ҷо низ аз ақидаҳои исломӣ истифода бурда, ҷангро аланга зада истодаанд. Масъалаи тинҷиву суботи ин мамлакат ба гуфтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «барои мамлакати мо хеле муҳим мебошад».

Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мебошанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт сабаби фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ташкилотҳо гардидааст.

Яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароити зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст зикр карданд, ки «мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд»

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён биёяд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд, ҳол он, ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм буд. Чунки танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро, ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.

Шамил НАЗАРЗОДА

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ