Диққат! Қабули довталабон ба таҳсилоти олии дуюм ва идомаи таҳсил дар зинаи бакалавриат

Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" қабули довталабонро ба ихтисосҳои омӯзгорию ғайриомӯзгории таҳсилоти олии дуюм ва идомаи таҳсилот (рӯзона, фосилавӣ) барои соли таҳсили 2020-2021 эълон менамояд.

Қабули ҳуҷҷатҳо ба таҳсилоти олии дуюм аз санаи 20-уми июн то 20-уми август ва барои идомаи таҳсилот аз 1-уми июл то 10-уми августи соли равон сурат мегирад.

Суроғаи комиссияи қабул: шаҳри Хуҷанд,кӯчаи Гагарин 147, бинои таълимии факултети геоэкология (назди беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд). Телефон барои тамос: (83422) 4-31-20, 92-775-04-75, 92-773-17-78

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ