​Изҳорот: Бетарафӣ касофати душманист!

Ҷомеаи башарӣ бо зиддиятҳои сиёсию иҷтимоӣ такомул меёбаду мутаасил пеш меравад ва мақеи шахсиятҳоимаъруф дар ин раванд хеле бузург ва таъсиррасон мебошад. Бо тафакуру нерӯи созанда шахсиятҳои ватандӯсту инсонпарвар бо ҷидду ҷаҳд тавассути заҳматҳои гуногун ба пешравии ҷомеа мусоидат менамояду барои он ишғоли вазифаю мансабҳои баланд шарт нест. Масалан, хизматҳои шоистаи Айниву Турсунзода, муҳаққиқонушахсиятҳои маъруфи дигар дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд, Дар ин радиф мебояд кайд кард , ки дар ҷомеа нафарони сершуморе низ зиндагонӣ доранд, ки аз дастовардҳои ҷомеаи башарӣ – демократия, озодандешӣ, ҷузъҳои инқилоби илмӣ – техникӣ ва ғайра бархурдор бошанд ҳам, барои ҷомеа саҳме нагузоштаанд. Ин тоифаи ландаҳуру танбали танпарвар танҳо барои пешбурди рӯзгорихеш ба алоқадри ҳол кӯшиш менамояду дар ҷомеа мавқеи муайян надоранд ва ҳатто дар ҷодаи манфиати ҷомеа ғайрат ҳам намекунанд. Чунин бефарқӣ ва бетарафии қисме аз шаҳрвандон хеле ташвишовар ва боиси таасуф аст. Зеро, ҷомеа барои онҳо фазои орому осуда ва амниятро фаъолиятро муҳайё намудаасту онон ин мусбиятҳоро истифода мебаранду лек афсӯс, ки худ заррае ба ҷомеа хизмат намекунанд. Ин тоифа фардҳоро метавон ба оруи газанда қиёс кард, ки дар муқоиса бо фаъолияти занбӯри асал қадре надоранд.

Мебоист, ки имрӯзҳо дар вазъияти пуртаҳлукаи паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 ва зиддияту муқовимати дохилию беруна ҳар фарди ватандӯст мавқеи фаъоли шаҳрвандиро ишғол намояд. Хусусан, маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи рушди кишвар дар солҳои минбаъда мебошаду ҳар фарди бонангу номус мебояд мавқеи сиёсии худро дошта бошад. Вале, мушоҳида мегардад, ки бархе аз шаҳрвандон мавқеи бефарқию бетарафиро гирифтаанд, ки нишонаи беномусӣ ва бешарафии онҳост. Ҳол он, ки ягон фард аз ҷомеа ҷудо буда наметавонаду бояд дар ҳаёти ҷомеа саҳмгузор бошад. Месазад, ки дар байни мардум чунин бетарафонро дарёфт ва ононро ба фаъолнокӣ тарғиб кард. Дар акси ҳол, ин бетарафон, ки бадтар аз душманони ошкоро ҳастанд, боиси пайдо гаштани фасодӣ дар ҷомеа мешаванду мебояд решаҳои дарахти ин тоифаро аз тинати ҷомеа барканд.

Бинобар ин , аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон эҳтиромона даъват менамоям, ки дар маъракаи интихоботи Президенти кишвари биҳиштосоямон сарҷамъона ва фаъолона иштирок намоянду овози худро ба номзади арзанда диҳанд.

М.С.Собиров – мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”,дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ