Изҳорот: Ҷашни саразм бузургдошти таърихи миллат аст

Тоҷикон аз куҳантарин миллат ва халқиятҳои олам ба шумор мераванд, ки ҳақиқати ин амр дар садҳо китобу осор ва сарчашмаҳои муътамад шарҳу тафсир ёфтааст. Баробари ин, мавҷудияти ёдгориҳои нодири фарҳангиву маърифатӣ, кутуби қадима ва нодир ин андешаро бештару пештар собит месозад. Ҳамакнун, кашфи ёдгории нодири фарҳангӣ- шаҳри қадимаи Саразм, ки 5500 сол дорад ва онро бостоншиносони ҷаҳон эътироф намудаанд, қадима будани таърихи тоҷиконро бори дигар исбот намуд. Баргузории ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ, ки маҳсули ташаббусҳои фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, бори дигар собит намуд, ки дар натиҷаи таҳқиқу баррасии на танҳо олимони тоҷик, балки баррасӣ ва эътирофи ҷаҳониён ин саҳифаи тозаи таърихи халқи тоҷик равшану мунаввар гардида, санади ифтихори мардуми мо дар миёни оламиён шуд.

Ирсоли табрикоти муншии созмони Ҷаҳонии ЮНЕСКО Одри Азуле ба унвони Пешвои миллат ба муносибати ҷашни 5500 солагии Саразм, ки тариқи навор барои тамоми иштирокдорони ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба ин санаи бузурги таърихӣ манзур гардид, воқеан санади ифтихори бузурге гардид, ки аз мақоми ҷаҳонии ин ёдгории бузурги миллати тоҷик паём мерасонад.Қабл аз баргузории ҷаласаи тантанавӣ давоми ду рўз дар шаҳри Панҷакент симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 5500 солагии шаҳри Саразм доир гардид, ки дар он олимони варзидаи кишвар, муаррихону бостоншиносон андешаҳои муҳимии илмии хешро роҷеъ ба арзиш ва аҳамияти муҳими ин ҷашни бузурги таърихӣ баён доштанд. Барои тамоми иштирокдорони симпозиум тадбири дигари ифтихорангез он ҳам шуд, ки аксари бостоншиносон ва донишмандони кишварҳои мухталифи хориҷӣ, ки дар корҳои пажўҳишии ин шаҳри қадима ширкат дошта,арзиш ва санади таърихии онро муқаррар ва аз ташаббуси Пешвои миллат барои бузургдошти 5500 солагии шаҳри Саразм истиқбол намуданд, паёмҳои муборакбодӣ ва афкори барҷастаи илмии хешро тавассути наворҳо манзур дошта, аз ин роҳи ҳузури мунавварашонро таъмин намуданд.

Воқеан, бузургдошти 5500 солагии шаҳри Саразм, ки ин рўзҳо Тоҷикистони азизи моро фазои идона бахшидааст, рамзи ҳақиқии тақдир аз таърихи миллати тоҷик гардид, ки ба саҳми бевоситаи мардуми мо дар зуҳури фарҳанги шаҳрсозӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандӣва ҳадяи он ба тамаддуни ҷаҳонӣ таъкид меварзад. Пас, месазад, ки мо бо ин таърихи бузург, бо Ватани азиз ва кишвари маҳбубе, ки чунин саҳми бесазоро дар таърихи башарият гузоштаанд, ифтихор намоем ин арзишу мероси беназирро ҳифз ва гиромӣ дорем.

Суҳроби Каёнӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ