​Зи нопокзода мадоред умед

(бардоште чанд аз филми «Хиёнат»)

Чун филми «Хиёнат»-ро тамошо намудам, дар вуҷуди банда, афсўс ки, ҳисси нафрат ба ҳамзабонони худ, ки ҳирси молу манол ва мансабу вазифа чашмашонро кўр намуда, Ватан, Модар ва Миллату забони худро қурбони нафси оламгири худ намудаанд, пайдо шуд.

Дини исломро, ки мо, сокинони Тоҷикистон, пайраву мўътақиди он ҳастем, ба манфиати мақсадҳои нопоку ғаразноки худ ба кор бурда, ба номи он дини пок низ иснод овардаанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан сокинони шарафманди кишвар огоҳанд, ки тавассути заҳмату фидокорӣ ва ҷонфидоиву ҷонсупории Ҳукумати Тоҷикистон дар миқёси кишвар хатари ҳалокатзо - ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфта, Тоҷикистон рўз ба рўз ва ҳатто соат ба соат гулбасару гулбабар гардида истодааст, вале чанд нафар душманони миллат, ки пайраву фирефтаи ҳизбӣ таррористӣ-экстремистии ҲНИ гардидаанд, ин ободиву созандагии кишварро чашми дидан надоранд ва ҳар лаҳза мехоҳанд, ки бо ҳар роҳу восита осоиштагии кишварро халалдор созанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрўзҳо бо бартарафсозии бемории сироятии КОВИД - 19 рўбарў гардида, тамоми қувва ва нерўи ақлонии худро барои раҳоии банӣ башар аз ин вабои аср равона сохтаанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон низ истисно нест. Чунончи бо истифодаи ҳамаи чораву тадбирҳо, аз ҷумла ҷудосозии маблағҳои иловагӣ ба соҳаи тандурустӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи аввалияи тиббӣ, зиёднамоии кати хоб барои беморони гирифтори ин беморӣ (ҳатто бо истифодаи хобгоҳҳои донишҷўён) тамоми чораву андешаҳои судманд меандешад, вале хоинони миллат ар рўйи мақоли «туро газад, маро чӣ ғам» дар фикри кайфу сафо ва бадастдарории мансабу мақоми болоянд. Барои ба даст даровардани ин мақсад тайёранд, ки тамоми сарвату сармояи ҳангуфти худро сарф намоянд. Ин аст, ки ин ҳизби манфур барои амалигардии табаддулоти моҳи сентябри соли 2015, мувофиқи гуфти шоҳидон аз филми «Хиёнат», 1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоиро сарф намудаанд. Сайидои бузургвор дар ҳаққи чунин сархурон гуфта буд:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Як лаҳзаи бисёр мутаассиркунанда аз филми мазкур марги модари раҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ - кампири Сочак аст, ки дар лаҳзаҳои охири ҳаёт фарзанди нопок бо баҳонаи иштирок дар ҳамоиши номаълуме ва аслан бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт модарро дар ҳоли назъи ҷон гузошт.

Фирдавсӣ хуб фармуда:

Зи нопокзода мадоред умед,

Ки зангӣ ба шустан нагардад сапед.

Эй душманони миллату давлат, огоҳ бошед, ки тоҷикон, махсусан насли ҷавон он мардуми гумроҳу нодони солҳои 90-уми асри ХХ нестанд, ки бозичаи дасти чанд тан ватанфурўшу мансабу чоҳпараст бошанд ва боз ба ҷаҳли мураккаб ғўта зананд.

Эй мардум! Филми “Хиёнат”-ро бо чашми дил бубинед ва бо ақли созандаи хеш аз он хулосаҳои зарурӣ бароред!

Диловари Бедил - устоди МДТ-и “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ