​ДДХ: Мулоқот бо раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода бо устодону донишҷӯёни кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума доир гардид. Дар мулоқот Мирзо Тоҳиров, корманди масъули “Академияи ВАО”-и Тоҷикистон, Илҳом Ҷамолиён, раиси Суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва собиқадори матбуот Карим Шариф низ ширкат намуданд.

Омилҳои муҳим дар самти тайёр намудани кадрҳои ҳирфаии журналистика, усулҳои муфиди таълиму тадрис ба донишҷӯёни шуъбаи рӯзноманигорӣ, талаботҳои асосӣ ба журналисти муосир, ҷалби мутаххассисони соҳа дар раванди таълим, таҳаввули жанрҳои журналистӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот маҳсуб мешуд.

Аз донишҷӯён даъват карда шуд, ки бо фанҳои таълимӣ маҳдуд нашуда, ҷиҳати огоҳ будан аз майлонҳои нави журналистӣ аз болои худ корбарӣ намоянд.

Ҳамзамон, оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти журналистӣ миёни донишҷӯёну устодон суолу ҷавоб сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ