​Пешвои миллат - рамзи иттиҳоду саодати мардум

Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои мардуми саодатманду соҳибтамаддуни тоҷик ҳамчун орзуву ормони деринаи аҷдодӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистони биҳиштосо дар баробари дигар кишварҳои рӯбаинкишоф арзи вуҷуд намуда, мавқеи худро устувору муайян созад.

Агар ба моҳияти таърихии расидан ба истиқлолияту озодии комил дар мамлакат назар афканем, маълум аст, ки Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар давраи муқовиматҳои шадиди сиёсӣ бо қарори Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 24 августи соли 1990 қабул карда шуд, ки он соҳибистиқлолӣ ҳанӯз «соҳибистиқлолӣ дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шӯравӣ» маҳсуб мешуд.

Баъдан бо тақозои замон ва тағйиру иловаҳо ин раванд дар изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 9 сентябри соли 1991 қабул шуда буд, чунин баён гардидааст: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда … мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».

Дар ҳақиқат истиқлолияти давлатӣ барои мо – мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст, зеро дар марҳилаҳои нахустини даврони истиқлолият бо таъсири бархе аз нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид, ки ин ҳама появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонида, дар кишвар беқонуниятӣ ва дигар бесомониҳоро ба вуҷуд овард. Агар истиқлолияти давлатиро мо бо қабули қарори Шӯрои Олӣ ба даст овардем, пас ҳифзу ҳимояи он аз чанги хоинону бадхоҳони миллат, ки хостори барҳам задани соҳибистиқлолии кишвар буданд хеле кори сангину заҳматталаб буд.

Агар пас аз пошхӯрии кишвари пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидан барои бархе аз кишварҳои узви Иттиҳод заминаи мусоид боқӣ монда бошад ва соҳибистиқлолӣ барои сохтмони давлати муосири онҳо мусоидат намуда бошад, мутаассифона бархе аз хоинону зархаридони миллат бо истифода аз вазъи навтаъсисии давлати муосир хостори беназмиву бенизомӣ дар кишвар гардида, кӯшиши бо роҳҳои гуногун ба даст овардани кишварро пеша намуданд. Ба роҳ мондани фитнаву буҳтон ва барангехтани кинаву адоват байни сокинони кишвар, тарғибу ташвиқи ақидаҳои зиддидавлативу зиддимиллӣ, ҷорӣ намудани андешаву омоли хоҷагони хориҷӣ аз ҷониби хоинони миллат, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом буд, ки мардумро ба фирқаҳо ҷудо намуда, онҳоро бар муқобили оромиву субот ба по хезониданд. Ҷавонони ноогоҳ, камсаводу бетаҷриба, бехабар аз асли дини мубини ислом ва мардуми зудбоварро бо баёни ақидаву андешаҳои нопок ва омезиши он ба дини мубини ислом ба доми фиреби худ кашонида, дар муборизаҳои хунин ва бесарусомониҳо онҳоро чунон моҳирона истифода намуданд, ки ин шахсони бехабар аз ҳилаву хиёнатҳои наҳзатӣ сабабгори ҳазорон ҷинояту сарсониҳо гардиданд. Чун даст доштани ин ташкилоти тахрибкор ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ ошкор гардид, пешсафон ва аъзои раёсати олии ҳизби наҳзат аз кишвар фирор намуданд. Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб расман террористӣ эълон гардид.

Баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз минбари баланди он фарзанди фарзона ва фидоии миллат, меъмори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат қадамҳои устувор гузошта, зимоми давлатдории навини миллии моро ба уҳда гирифтанд, шуълаи умедро дар қалби мардум ба ояндаи дурахшон ҷилвагар намуд.

Маҳз бо талош ва кӯшишҳои наҷиби Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон танинандоз гардида, роҳи рушди ҷомеаи муосири мо равшану мушаххас гардида, мардум аз парокандагӣ ва кишвар аз нобудӣ раҳо бахшида шуд. Баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуд.

Сиёсати бобарору умедбахш ва раъиятпарваронаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳи дурусти интихобкардаи мардум буд, ки ин сиёсати камназир дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрату ҷонибдорӣ пайдо намуд. Аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфуз бо забони ноби тоҷикӣ ибрози назар намудани Роҳбари давлат бори дигар аз ташаббусҳои наҷиби кишвари мо дар раванди мусоидат ба ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Боиси зикр хос аст, ки се ташаббуси бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои ҷаҳонии об аз ҷумла эълони соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ гардиданд ва ташаббуси навбатӣ қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” идомаи ин ташаббусҳои наҷиб дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ва пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ва ҳамовозии кишварҳои олам шукуҳи ҷаҳониро касб намудани ҷашни аҷдодии мо тоҷикон-Наврӯз, баргузории конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 800 - солагии Ҷалолиддини Румӣ 6-8 сентябри соли 2007, симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» 5 октябри соли 2009 бо иштироки зиёда аз 500 нафар олимону мутафаккирон ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон, баргузории конфронсҳои сатҳи баланд оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм, 4 майи соли 2018 ва амсоли инҳо намунаи равшани ташаббусҳои кишвари мо зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла соли равон низ бо қарори ЮНЕСКО 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ таҷлил гардид, ки боиси зикри шоистагист.

Ҳамзамон соли 2013 ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд, ки боиси зикри шоистагист. Дар ин замина бо кӯшиш ва талошҳои Роҳбари давлат соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ва соли 2010 шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Инчунин соли 2013 “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.

Ташаббус ва кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри барқарори сулҳу суботи кишвар буд, ки соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид. Соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт. Маҳз ҷаҳду талошҳои судманду боровари Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки муҳтарам Ҷаноби Олӣ танҳо дар самти бо роҳи мусолиҳатомез расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо», унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – “Пешвои асри 21” ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи "Сарпарастони аср"-Ордени нахустини алмосдори "Ситораи сарпараст", ордени "Қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд", ситораи ёқути сурх «Миротворец» (Сулҳовар), ва дигар мукофоту ҷоизаҳо шарафёб гардиданд.

Имрӯзҳо мо мардуми шарифи кишвар дар остонаи омодагиҳо ҷиҳати баргузории чорабиниҳои сиёсии тақдирсозу ояндаофар – яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бо қаноатмандӣ ва сарфарозӣ метавон иброз намуд, ки маҳз сиёсати бобарору умедбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар буд, ки бо меҳнати софдилонаву азму талоши садоқатмандона нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд.

Боиси хушнудист, ки бо татбиқи бомароми нишондиҳандаҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” хушбахтона яке аз ҳадафҳои олии мамлакат яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон дар сатҳи назаррас таъмин гардида истодааст.

Агар ба нишондиҳандаҳои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо такя ба Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем баръало маълум мегардад, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфта, ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо карда, саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд.

Дар маҷмуъ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат тағйиротҳои куллӣ ба миён омада, ҷиҳати фароҳам намудани шароити арзандаи кору зиндагии сокинон ҳамчун яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла аз 81 фисади соли 1999 то 27,5 фоиз дар соли 2019 паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, барқароршавии роҳи «Абрешим», бунёди даҳҳо нерӯгоҳҳои барқӣ-обии хурду бузург дар мамлакат, ифтитоҳи нақбу пулҳо ва амсоли ин ҳазорон мисолҳои возеҳу равшанро зикр кардан ба маврид аст.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистон бо дарки муҳимияти сулҳу субот, ваҳдату озодӣ, оромиву якдилӣ дар кишвари маҳбуб, ки бо азму иродаи устувору шикастнопазири фарзанди сарсупурдаву дурандеш ва далеру ҷасури миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст, хуб дарк намуда, ҷаҳду талош меварзем, ки ҷиҳати пояндаву ҷовидонии ин сиёсати беназир саҳми боризу арзишманди худро гузорем.

А.Азизов,

декани факултети санъати тасвирӣ

ва технологияи МДТ “ДДХ ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров”



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ